Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар марзи баланд чархбол моро аз Осмон ба Замин овард.
Сухан нест, то баён созам дидаҳоро. Сабзаву шукуфа дамида ва нумўъ дорад, то айбу рехтагиҳойи замин бипўшонад ва меҳмононро намояд, ки Раштонзамин костагие надорад; дар ин манзилу маъво ноҷўрие нашуда. Захмҳо, дарбеҳҳо, порагиҳо ва носуриҳойи айёми даргузар, хоҳ – нохоҳ чун асари ҷарроҳийи тан боқӣ хоҳанд монд.
Аммо аз Осмон банда набинад ҷароҳатҳойи Раштонзаминро.
Ҷергатол сафедорҳойи баланд дорад ва хокаш ҷо-ҷо сурх ва ҷо-ҷо бўрранг. Марзест, ки хоки Тоҷикистонро бо дигар марзҳо пайванд месозад. Аз ин рў дар ин маъво ҳар табақа мардум зист доранд; ба вижа тоҷику қирғиз ҳамхонаву ҳамқисмат шуда.
Дар миёни пешвозгирандагон ҷавонзани миёнақомати сияҳҷурда ва камонабрўйи хандон ва ба назар хеле тандуруст пешопеш меояд ва ҷуз ман ҳама меҳмононро шинохта вохўрӣ мекунад. Ман худро чун одат пушттар мекашам, ки пасованд пешовандро хубтар донад ва шиносад; агар ҷой монад, биравам ва дар сўҳбатҳо бинишинам. Дар толори аввал чунин ҳол буд. Хайруллоеви зираки ба назар бепарвонамо ин чизро пай бурда, «Устод Сорбон, ин ҷо шинед!» мегўяд ва ман ноилоҷ ҷафстар ба депутатҳо менишинам. Райисони кумитаҳойи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷўрахон Кабиров, Абдусаттор Ҷабборов, Худоиев ва Саидмурод Тағоев аз тағйиру иловаҳойи панҷоҳу шаш моддайи Сарқонуни Тоҷикистон сўҳбат мекунанд; модда ба моддайи дигаргуншударо хонда, мефаҳмонанд.
«Майдабозӣ накун! Яклухт бигў! Сабаби иловаҳо ва моҳияти такмил додани Конститутсияро бифаҳмон!» Луқма медиҳад Раис Сайдулло Хайруллоев ва сўҳбат ҷон мегирад, зинда мегардад. Ва ҳозирин шерак гашта пурсу посух мекунанд. Ман мушоҳидакор:
намояндагони халқ сўҳбатҳойи хуб мекунанд аз боби зарурати тағийроту иловаҳо дар Сарқонун ва баъд Сайдулло Хайруллоев аз боби дигаргуниҳо сухан меронад:
«Конститутсияйи Ҷумҳурийи Тоҷикистон аз осмон наомадааст.
Мо Конститусияҳойи мамлакатҳойи пешқадами дунёро омўхта, ин китоби муқаддасро офаридем, то ба рўзгори мо давлатдорийи ҷаҳони пешрав мувофиқ ва мутобиқ бошад… Ман ба забони шумо сўҳбат мекунам, то бифаҳмед. Шумо имрўзро бо рўзҳойи даҳ сол муқаддами ба сари мо омада муқойиса кунед ва бифаҳмед, ки зарурати тағйироту иловаҳо аз чӣ хусус будааст. Ҷамъият пеш меравад, зиндагӣ дигаргун мешавад; талаботи нав ба миён меояд. Аз ин рў китоби Сарқонун низ бояд ҷавобгўйи рўзгори мардум бошад ва пешомаду ояндайи халқро муайян карда тавонад. Гумон мекунед даҳ сол пеш мо ин ҷо омада бо шумо чунин вохўрӣ карда метавонистем?

пешина
аз 393
навбатӣ