Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зўҳрахон гоҳ ба русӣ мегўяду гоҳ бо қирғизӣ: «Боз кӣ?»
Муаллима: — Замона дигар шуд. Ба Сарқонун дигаргуниҳо ворид мегардад. Мо тарафдор. Сад дар сад мо рой медиҳем. Аммо дунё дунёйи компутер низ шудааст. Чӣ мешуд, ки ҳукумат кўмак мекард, то мактаби мо аз ин пешрафти замон баҳраманд гардад.
— Марҳамат! Муовини сарвазир Зокирҷон Вазиров ҳузур доранд:
— Гила ва даъвоятон болойи чашм. Мо бо чунин ният омадаем, ки ҳама барору нобарории кори шумо ва каму костийи рўзгорро аз забони раъйдиҳандагон фаҳмем ва кори неки аз дастамон меомадаро дареғ надорем. Компутер ба мактаби шумо хоҳад расид.
— Мо аз давлат хоҳиш дорем, ки истеҳсоли ангиштро ба роҳ монад. – аз ҷой нахеста луқма партофт сияҳрише ва дар бало монд:
— Ман дар сўҳбатҳойи пешин гуфтам: як вақтҳо – солҳойи Шўравӣ ҳама гуна маҳсулот ба давлат супорида мешуд, аз ҷумла агар ангишт истеҳсол шавад. Ҳоло ҳама чиз аз они шумо. Ангиштро дари хонаатон меоред, вале одамони дигар ҷойҳоро намегузоред як санг барад… Ришҳоро ба ҳоли худаш сар медиҳед ва боре қайчиш намезанед. Нигаҳ бикун: – ришҳойи пахолӣ, каландӣ, белӣ ва бузиро дида ва ба онҳо чашм чаронда мегўяд Раис, вале онҳо аз ў хафа намешавад, балки табассум мекунанд. Зеро хидматҳойи намояндаашонро ба парлумон медонанд ва солҳойи зиёд бо ў кор кардаанд дар ин обрав. Хайруллоев медонад, ки нозаш мегунҷад ва мардум аз ў хафа намешаванд, бо луқмаву хушгўйӣ дилашро холӣ мекунад, то онҳо роҳи дурусти умумибашариро пеш гиранд:
– Пайғамбарон ҳам риш доштанд, Марксу Ленин ҳам риш дошт, дирўзакак Миронов аз Русия омада рафт, риш дорад. Вале ба ин шакл не… Боз малол нашавед? Риш монед, вале саришта кунед.
Қайчӣ занед! Як сомонӣ аз пули ангишт, картошка ё пули аз Русия фиристодайи писаронатон ба усто диҳед, ришатона чордаҳсола мегардонад… Лекин аз таваллуд то гўр риш қайчӣ набинад, чӣ хел мешавад? Боз малол нашавед? Мо якдигарро мешиносем, баройи ҳамин мегўям. Охир оянда, насиб бошад, ин ҷойҳо биҳиштосо мегардад, одамон аз мамлакатҳойи дур меоянд; риши хушрўйи ороста ва перостайи шуморо бинанд, хуб нест? Замона дигар мешавад, вале мо ҳамон Аҳмади порина. Ба олам ба чашми дигар нигаҳ бояд кард: Рўдакӣ мегўяд-ку: «Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон…»
Раис мошинашонро иваз мекунанд ва ба ману Усмон дар мошини депутатҳо ҷой намемонад. Мухтори пешрав моро ба мошини хеш, ки аз они милиса аст, мехонад. Дар вилюс боз мо хомўш мемонем, ки ронандааш ноомўхт ва ношинос. Ман дар борайи депутатҳо андеша мекунам: ҳамфикр, сарҷамъ, ҳаммаром, аз депутатҳойи

пешина
аз 393
навбатӣ