Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

замони шўравӣ фарқ мекунанд; аз рўйи коғаз «а» «б»
гуфта намехонанд; аз ҳар сар модагов шонздаҳ литрӣ шир медиҳам» намегўянд, балки аз масъалаҳойи умда ва яклухти замон ва пешрафти дунё ваъда медиҳанд… Якдигарро хуб медонанду хуб мешиносанд ва дар борайи баъзеҳо хушгўйӣ мекунанд: «Почо гўсфанд ба бозор мебарад, ки даҳаняла аст ва шабу рўз «баа» мегўяд. Гўсфандашро мехаранд. Гўсфанди дигар хариданӣ мешавад, ки явош ва орому бесадо бошад. Як гўсфанди орому явоши навтарошида ба Почо бо чашми ошнойӣ ва ҳасрат менигарад. Почо рафта онро дасмол мекунад ва думбаашро вазн мезанад. Гўсфанд сар меафшонад. «Боақл» аз дил мегузаронад. Савдо мекунад ва болойи пули гўсфанди фурўхтааш панҷоҳ сомонийи дигар илова карда он гўсфанди явошро мехарад. Ба хона меорад. Гўсфанд рост ба гўсфандхона медавад, яктоз ба охур меравад. Йем мехўрад, аз сатили шинос об меошомад ва ба соҳиб нигоҳ мекунад: «Аааа, шинос барин ин ҳайвон.» Почо аз овози гўсфанди парворӣ халос шудам, гуфта, пиёлайи чойро ба лаб мебарад, ки ҷонвар «баа!»
мегўяд. «Ааа, очеш! Овозаш овози гўсфанди худамон барин!»
«Чашмош монанд, мардак. Боз ҷаллобҳо гўсфанди худамонро тарошида, ба худамон қимат нафурўхта бошанд?» «Дар як лаҳза?
Ман ҳоло пулро шумурда нагирифта будам, ки ин гўсфанд дар фурўш ҳозир буд.» «Дадеш, замоне шудааст, ки сақичро аз даҳонатон мегиранд, нафаҳмида мемонед.»
«Бааа!»
— Гўсфанди худамон дадеш… Дурушашро бинед.
— Ҳа занак, дурушаш дуруши гўсфанди худамон!
— Устод Сорбон! Ҳоло ба зиёрати як инсони шариф меравем.
Сабабашро мегўям… Баъд ҳамаро худатон мушоҳида кунед: дар вақташ ҳамон касе ки наздаш меравем, халқро намонд, ки ба майдоншинийи шаҳри Душанбе раванд: «Наравед! Бе ҳамин ҳам ранги рўди мо сурх. Сурхобро хунинтар мегардонед!» Ва мардум гапи ўро гўш карда ба майдоншинӣ нарафтанд. Ана сабаб ҳамин.
Боқӣ ҳамаро худатон мебинед.
Акнун мошини мо аз ҳама пеш меравад. Вале чӣ шуд, ки корвон якбора бозистод ва Раис аз мошин фаромада рўдро тамошо карданд. Дар баландийи боло рў ба рўйи ҷойи қароргирифтайи мошинҳо шахсе дастурўй мешуст. «Ана ҳамон хонайи эшони Ҳикматулло» Самадови Ҳофизхону шеъри Ҳофиз азбаркарда мефаҳмонад ба ман ва аз ман дур намешавад, ки шумо ба қадри сухан мерасед ва агар аз Ҳофизи бузургвор байте хонам, шумо мефаҳмед. Раис Хайруллоев мазмун, тахмин карданд, ки эшон бо пазиройӣ омода гаштанд, ба мошин нишастанд. Роҳи гардони болоро мошинҳо давр гашта ба иқоматгоҳи шахси мўътабар омаданд. Ман аз шунидаам чунин сифат мекунам; шунидан кай бувад монанди дидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор