Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— «Дар хароботи муғон нури худо мебинам,
Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам?
Ҷилва бар ман мафурўш, эй малакулҳоҷ, ки ту,
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам!»

Домулло Ҳикматулло як қад парида, аз навиштан даст медоранд ва як ба ман менигаранду чӣ мулоҳизае, чӣ андешае доштанд, ки сокит мемонанд. Ҳама оне хомўш мемонанд. Дар борайи ман не, аз Ҳофизи Бузургвор ва домулло Ҳикматулло фикр мекунанд.
Ў тоза ба сони гулбарги тар ва ботароват чун кўҳистони сабзпўш. Ошёнаш дар баландӣ. Ситорабор, тулўи Офтобу Моҳ, рафту омади мардум, пешомадро аз ин ҷо мебинад. Гўшайи чашм ба ман андохтанд. Пай бурдам чӣ мефармоянд:»Маро гунаҳгор накунед.»
«Ба нон марҳамат!» То бародари бузург Неъматулло даст ба дастархон дароз накунад, на эшон даст ёзиданд ва на меҳмонон.
Бародари бузург аҷиб инсоне: Чеҳракушод. Уқоббинӣ, чашмони барҷаста доранд; нисбат ба бародар бузургҷусса. Абрўвонашон даққийи сафед ва хамида. Ба бародар менигаранду ба меҳмонон.
Мурғоба омад, кулчаҳо, самбўса, гўшти пухта, сихкабоб ва чизҳойи дигар омад; дастархон пур шуд. Сихкабоби говийи кўфта ва гўсфандийи гўшту дунбаву ҷигар…
Вале оруҳо фурўтар мерафтанд дар асал. Ду сар ба ҳам омаданд. Яке асали дастони дигареро тоза кард. Он пой бар сари Ин ниҳод. Ин пойи Онро низ тоза кард ба дасту забон. Он бар тори сари ҷонфидо рост шуд ва бол афшонда аз тори сари Ин бо зўрӣ пой канд ва парвоз кард. Ин ғарқ шуд андар косайи асал…

Мухтор маро осема мегардонад, ки зудтар ба мошин нишинем ва ман ғамӣ мегардам, ки бо намакдодагон худоҳофизӣ карда наметавонам. Зеро таваҷҷўҳи ҳама ба депутатҳо банд, то истода навбати хайрбод мегирам, ки мошинҳо ба роҳ медароянд. «То дидор!» мегўяму меравам… Мошини мо пешгард. Мошини милис ё кумитайи амният дар ҳар ноҳия нав мешавад ва мо бояд бо онҳо нишинем. Омад кард корамон. Кас ибо карда ва санҷида сухан мегўяд, то ҳарфе ноҷо набарояд. Забон-дия, устухон надорад.
Рашт (хок, хокрўба, чангу ғубор; чизе, ки аз кўҳнагӣ ва пўсидагӣ аз ҳам рехта; номи маркази вилояти Гелон дар Эрон.) Дар пазиройӣ саҳл монда, ки Сайдулло Хайруллоевро рўйи даст бардоранд. Вале ў вазнинӣ мекунад ва бо ҳар кас ба забони худаш ҳарф мезанад:
— Хешу таборҳо! Албатта шумо сабаби меҳмонӣ омадани моро медонед. Пешакӣ ҳамаатон аз газетаҳо хондаед, тағйиру илваҳоро пай бурдаед. Инчунин «Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба маҷлиси Намояндагон»-ро низ мутолиа кардаед.

пешина
аз 393
навбатӣ