Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Акнун шумо гап занед, мо гўш кунем… Шарм надоред. Агар не, суханро ба Маҳмашариф медиҳем.
Раиси ноҳия Маҳмашариф ҳама фиристодаҳойи расмиро муаррифӣ кард ва номи ман дар рўйи коғаз набудааст, ки шинос накард. Хайруллоев лаб кушод:
— Шумо асарҳойи нависанда Сорбонро хондаед, ҳоло худаш
– нависандайи зиндаро мебинед.
Ман, ки ба чунин суханҳо одат накардаам, шарм медорам.
Ман бори нахуст Раштонзаминро мебинад; ҳаловат мебарам ва чун ҳаётомўз ба ҳар чиз диққат медиҳам. Дар сўҳбатҳо аз ман ин ё он чизро мепурсанд, донистаамро мегўям. Ман низ он қадар пурсиданӣ, ки… Аммо фурсат намерасад ва ё касе чун Раис Раштонзаминро хуб намедонад, ки пурсу посух кунем. Раис вақт надоранд ё ман раво намедонам. Сухан аз донистани мавзеъ намеравад. Ғарази ман он аст, ки Раис аз умрашон, аз сину солашон зиёдтар медонанд ин водиро. Воқеаҳо, ҳодисаҳо, кушторҳо; кинаву адоват, бухс ва хислату феълу атворе, ки баройи одам хос бошад.
Инсонро хуб мешиносанд ва таку тирези ҳар фардро медонанд бо шарҳи ҳолаш. Шояд аз он бошад, ки эшон бо бисёрийи онҳо кор кардаанд ва ё кордор шудаанд. Обод кардаанд мулкро; сохтаанд, вале ба вайрон кардан дасту дил нарафтааст…
«Новиковро овардам. Пурсид, ки фарел (гулмоҳӣ) ҳаст? Гуфтам, ки ҳаст. Розӣ шуд ба хоҳиши ман. Бояд пулсозӣ меомад. Аз руд моҳӣ доштем, ҳама ширмоҳӣ будаанд. Ў гулмоҳӣ (фарел) фармуда буд. То омаданаш бо қалами сурх ба пушти ширмоҳӣ гул сохтем, аммо ширмоҳӣ гулмоҳӣ нашуд. Новиков фаҳмид: «Ин фарел неку!» «Фарел дар болотар мешавад, рафиқ Новиков.» Қаҳраш кард.
Рафтанӣ шуд. Болотар бурда «фарел» дошта, муросо кардем ва ҳамин пуле, ки бемалол мегузаред, сохта шуд.
Ҳамшаҳриҳойи азиз! Шумо аз ман малол нашавед! Дилам месўзад, мегўям. Мо ҳоло аз бисёр чизҳо қафо мондаем: Гурҷиро мепурсед, мегўяд: «Ман аз Гурҷистон.» Арманиро мепурсед, мегўяд: Ман аз Арманистон!» Тоҷикро мепурсед. Мегўяд: «Ман аз Шулмак, ман аз Камаров, ман аз Сорбоғ; ман аз Рашт; ман аз Ҳойит… Намегўяд, «Ман аз Тоҷикистон.» Чаро? Дар ин ҷо (дилро нишон дода) ва дар ин ҷо (ангушт ба сар зада) андешаҳойи мухталиф ҳаст. Шумо аз ман хафа нашавед. Ман дар дигар ҷо ин чизҳоро гўям, шояд аз ин хел чойхонайи сохтаатон бароварда пеш кунанд. Ба шумо мегўям. Тоқат кунед, фикр кунед, хулоса бароред, дигарон ҳам хулосайи дуруст мебароранд. «Духтарам, ба ту мегўям, келинам шунав!» Мо ҳоло зиндагиро ёд нагирифтаем…
Дар байни шумо ҳоҷиҳо ҳастанд?
— Ҳастанд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор