Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бале, як амакдухтар доштам…»
«Сардухтурро ба шумо шинос мекунам, ҳама чизро мефаҳмонад.»
Баъди ин қадар аз сабза дида об додану ба торикӣ фурў рафтан ва боз ба ободон расидан зери шўълайи моҳчароғ гулдухтарони атласпўш бо нону намак ва гулдастаҳойи ҳолмуни кўҳӣ пеши роҳ девора гирифтаанд ва бар ёварийи моҳчароғ тирагийи миёни кўҳсорро равшан карданианд. Мардум зиёд; кўдакони шавқманд аз сардийи ҳавойи баландкўҳ ларзанд ҳам, бисёр рағбати дидор доранд. Меҳмонон шитобзада нону намак мечашанд ва аз миёни мардум кўчабоғи зинда сохта ба меҳмонхонайи хурд медароянд, ки на ҳамаро ҷой мешавад. Меҳмононро чизе намефорад, аз кўфти роҳ раҳойӣ ёфтанд; акнун осуда будан ва фароғат кардан мехоҳанд.
Раиси ноҳия Миралӣ Олимови резапайкари оташмизоҷ ва серҳаракати парешон ҳама корро худ сомон кардан мехоҳад. Чун дарёфт, ки дар чунин меҳмонхонайи на чандон бузург ва қабати аввал аз таъмир набаромада ҳама намегунҷанд, ба таҳлука афтода гурўҳ-гурўҳ меҳмононро ба хонаҳо бурд. Рўзноманигорон ва кормандони телевизиону радио ба ҳавлие рафтанд ва Миралийи раис ману Усмонро ба ҳавлие дароварда «чаҳор кас ҷой мешавад» гуфт.
Хоначайи хурди пешайвондор. Андарун чанд кўрпача густурда ва болиштҳо гузошта ҳар ҷо ба тартиби хоб. Аммо кадбонуро намефорад чунин шабҳангом ва ногаҳон омадани меҳмонон, ки абрў чин карда, гиребон медорад ва баъзан забон зери дандон мегирад, ки сухани ноҷо нагўяд. Аммо кадхудо «Дароед, дароед! Бинишинед!» дорад. Ба назар, танҳо ба назар, малол гирифта кадбону…
Ва гўё моро ва рўзноманигоронро ҷой карда, боз ба мошин нишонда ба меҳмонхона мебарад раис. Шомхўрӣ. Вале иштиҳо надоранд меҳмонон; фароғат кардан мехоҳанд.
— Меҳмонҳо, бисёр хуш омадед! Дидед, ки табиат чӣ зайл, пеши пойи шумо қолийи сабз густурдааст… – мефармояд муовини сарвазири Ҷумҳурийи Тоҷикистон Зокир Вазиров чун мизбон. Ў доктори илми фалсафа, профессор; марди фурўтани камсухан, вале андешаманди хандон; ба хушгўйиву сухани обдор бо завқ механдад ва ба рўйи хушу чеҳрайи кушод дер менигарад. Ҳама вақт сар андохта ба ҳарф гўш медиҳад. – Агар роҳ таклифатон дод, малол набошед. Табиати кўҳистон чунин аст; андаке хаста мегардонад, пас навозиш мекунад. Андаке хоб карда хезед, рўҳатон болида ва сабук мегардад, роҳи вазнину ноҳамворро фаромўш мекунед. Умед дорам, ки аз диёри мо хотирайи нек баред. Хуш омадед!
Пасон ман паҳлўйи рост майл карда сўҳбат бо Зокирҷон мекунам. Ў боифтихор дар борайи зодгоҳаш сухан мегўяд; одамони машҳури онро номбар мекунад: «Зиёда аз бист доктори илм, қариб панҷоҳ нафар номзади илм дорад… Адибони номдорро шумо мешиносед» мегўяд.

пешина
аз 393
навбатӣ