Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва раиси ноҳия Миралӣ намедонад меҳмононро чӣ хидмат расонад. Дар ҳамин ҷо дидам гирди меҳмон парвона шуданро.
Бисёр серғайрат, серҳаракат. Мехоҳад ба ҷойи ҳама худаш хидмат кунад. Ё ба ёварон бовар надорад, ки иззати меҳмонро баҷо оварда наметавонанд ва ё одаташ чунин аст. Аммо мусофирони хаста чизе хўрда наметавонанд. Об мебоду чой.
— Халил ном колхозчӣ буд дар ин ҷо. – Фармуданд Сайдулло Хайруллоев. – Раҳгузарро нон медод, мусофирро ҷой. Ҳоло куҷоянд чунин касон? Ҳама ба андешайи рўзи худ: «Гўр сўзаду дег ҷўшад.»
Ва мо боз чаҳор тан ба хобгоҳ меоем. Хонайи хурду пастаки кўҳнасохт. Кадбону ҷониби кадхудо арбада мекунад: «Айб аст, шарманда мекунӣ!» Вале кадхудо меҳмоннавоз будани хешро нишон доданӣ мешавад, ки аз Халили овозадор кам нест: «Баъди ҷанг… айб намекунед… Он чӣ бозёфт кардем…»
— Олиҷаноб. Шумо осуда бошед. Мо хаста шудагӣ. Сар мемонему бедор мешавем, ки рўз шудааст… – дилбардорӣ мекунад Усмон.
— Худатон мефаҳмед, ки ҷанг чист. Ба зинда монданамон шукр мекунем.
— Сар зинда бошад, тоқӣ ёфт мешавад… – Ман низ дилдорӣ кардам ва маънийи ин қадар таҷанг шудану ба худ печидани кадбонуро акнун дарёфтам.
Вале нафаре аз миёни мо, ба худ буд ё бехуд, саркашӣ карда аз дар баромад, ки дар чунин шаройит хоб намекунад. Ронанда Файзулло низ ғурунгид. Аммо Усмон исрор мекард, ки аз ин хубтар шаройите намешавад.
Ва аммо… хона кўрпаборон шуд; он қадар кўрпайи рўкашдори оҳорӣ оварданд, ки рўйи хонаро пўшонд; бўйи матои тоза мекард.
Дар лаби кадбону табассум дамид ва чеҳрааш шукуфт…
Хоб парид. Мо се тан ҳама зебойиҳоро фаромўш карда, сухан аз «Ҷанг» мегуфтем, ки оқибати онро сари роҳу дар хонадонҳо дидем. Ин сўҳбати мо ба касе ё ба мардум ё ҷаҳониён дахле надорад; хотирнишон ҳам намекунам, вале оқибаташро мегўям: «Солҳойи зиёд мегузарад, ҳама чиз ҷойи худашро мегирад; шояд дар он замон, ки Қутби Шимол, ҷойи Қутби Ҷанубро гирад…»
Ман соат надорам; ба назарам, ду ё се соат хоб бурду бедор шудем. Торик буд. Усмону Файзулло сўҳбати шабонаро идома медоданд, ман худро хобида ангошта, садо намебаровардам. Аз берун садойи ба ҳам хўрдани зарфҳойи чиниву тунука паст-паст шунида мешуд:
«Соҳибхона хестааст». Ба якдигар мегўянд онҳо ва ман аз таъсири «ҷанг» раҳо шуда наметавонам. Сар ба кўрпа печонданӣ, аммо онҳо бедор буданамро пай бурда, садо баланд мекунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ