Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Баройи ҳамин кори нек бояд кард. Дар «Саргузаши Ҳотам» мегўяд:
«Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз!»
Ҳавзи кабуд – Ёфуч. Ба кўли кабуд менигарам: хазони рўйи об пештар аз ҳама ба назар мерасад ва баъзе хасҳо, ки бод аз баландиҳойи кўҳ парронда оварда бошад. Вале аз роғ ва байни баргҳо андаруни оби саморанг чизҳое метобанд афсонавӣ: Осмон бо тамоми вусъате, ки чашми кас бинад ва сари кўҳҳоро пўшонад; қуллайи барфпўш, шахҳойи урёни мисли косайи сангпушт ламида, дарахтони сабзу шукуфаҳойи ранга, паҳнбаргҳойи ревоҷу тотин, маҷнунбеду чанор, воти лаби кўл, чордевори қатори соҳили шарқӣ, ки ё баройи обод кардан сохтаву чизе халалгор шуда ва ё баройи доштани рези рег… ҳама даруни обанд ва ҳатто уқобу мурғоне, ки аз ҷое ба ҷое парвоз кунанд; моҳӣ андар он ва об андар об. Ва ман, ки дар зинапояйи кўл нишастаам андаруни об, вале воруна.
Кўҳҳо низ сарозер ва аз таҳт қуллайи кўҳ поя ба боло мекашад ва гўйӣ зертар осмон кўҳҳойи вожгунро медораду мебардорад…
Фақат моҳиён роста шино мекунанд дар ин об, дигар ҳама чаппа; мурғоне, ки пару бол мезананд, пойҳойи чун чархҳойи тайёра фурў кашидаашон ва сари синайи сафедашон боло, ки аз қаър ба д-он сурат сўйи Хуршед мерафта бошанд. Вале Офтоб дар пушти боли онҳо савор низ ҳаракати аз об бурун омадан дорад. «Эй ҳоҷӣ, ин ҷо биё, ин аҷойиботи оламро бигир!» «Баройи «Ахбор» он чизҳо лозим нестанд, дўстам!» «Баройи «Ахбор?» Ту баройи «Ахбор»
нагир! Баройи оламиён бигир! Баройи фардойиён бигир! Кӣ донад, ки ин кўлу ин кўҳҳо боз чанд поянд!? Мебинӣ, аз сар чӣ гуна рашт мешаванд; раштидани онро ману ту намебинем. Мабод, ки рўзе ин кўҳҳо даруни Кўли кабуд воруна шаванд ва ин ҳавзи афсонавӣ дар забонҳо монад. Баройи онҳо акси ин мўъҷизаро бигир!
Бубин-э-э-э, бубин! Осмон гунҷида дар он! Олам гунҷида дар он!
Агар дар навори ту нагунҷад, ин ҷо биё! Ҳамроҳи дастгоҳат дар ойинааш нақш хоҳӣ баст ва ҳар кас, ки ин ҷо омад, моҳиён гўянд:
«Ҳоҷӣ омада буд, нусхайи маро бо худ бурд!» Ва бартар андар даромадгоҳи саҳни манзил баройи мусофирон ва меҳмонон катҳову мизҳову кулбаҳо сохта, ҷо-ҷо гурўҳ-гурўҳ касонанд ва ба он соҳил гузашта нигарӣ, ҳама сарзер андаруни обанд. Ва агар сангчае бар он андозӣ, шиша шикаста, онҳоро хаму рост, каҷу килеб ва шикаставу нимтан нишон медиҳад, ки кори олам чунин бошад ва баъд хандида-хандида, гуфта-гуфта, хўрда-хўрда… ба худ меоянд онҳо ва ба асли хеш мегарданд. Дастгоҳи овозхон ҳам андаруни об.Ў дар об даҳон мекушояду акси садояш аз кўҳҳо меояд. Ва поёнтар аз кўл шахкўҳе воқест, ки ҷумла меъморе сохта натавонад ба ҳазор пушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор