Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Раис ҳамроҳи муовини сарвазир сўҳбат доранд рўйи кат ва даст ба кўлу ангушт ба кўҳҳо ишора мекунанд, ки чӣ манзараву суратҳое дорад Тоҷикистон. Аммо кўҳистонӣ ҳама гуна зебойиро зери пой мекунад ва ношукр ҳам ҳаст, ки Худованд аз дараву кўҳу камар маъво додааст. Ай яздони пок! Мабод, ки рўзе ин кўҳҳо воруна шаванд ва одамӣ чун мўҳраҳойи магнитийи шатранҷ пой бар сақф часпида ва канда-канда сарозер гом занад…
Раис ба кати лаби кўл менигаранд, ки «баччаҳо» чӣ ҳол дошта бошанд. Зеро то «баччаҳо» нахўранд ва хўрокашон ранги хўроки Раис набошад, аз гулўяшон чизе намегузарад ва соҳибдастархон онҳоро ба чашми кам бинад, Раис метавонанд «омин» гўён, даст ба рўй накашида, бираванд. Баройи он «баччаҳо», ки Раис онҳоро аз фарзандони худ кам намедонанд. Ҳоҷӣ Раҳматулло дуруст мегўяд:
«Сардор ҳам сардор дораду хўҷайин ҳам хўҷайин. Дидам ҳамаашро; худиву бегонаашро. Кош ҳама чун Хайруллоев мешуд. Як пора нон катӣ кас сер. Лекин эҳтирому иззати якдигар; посдорийи хотири хурду калон бузургтар аз ҳама чиз аст. Таваҷҷўҳ эътибор, нигаҳ эътибор. Раис мегўянд, ки агар маро ҳурмат карданӣ бошӣ, иззати «баччаҳоро» бидор.»
«Устод, хезед! Як бор худатонро дар ҳамин кўл бинед!» Дар даст ҷома мефармояд райиси ноҳия Миралӣ. Ва ман шарм мекунам. Як бор ба Раиси калон менигарам. «Ҳурмат кардаанд, шарм накунед!» Мегўянд ва Зокирҷон даст сўйи ман ёзида: «Ҳамин хел тоқибасару ҷомабабар, аз ҳамон «илоҳӣ»-ҳо якта шавад!»
мегўяд.
— Дар чунин боғҳойи минў ва лаби ҳавзи Кавсар сурудан раво бошад: «Илоҳо, ҳар касе монанди ман ошиқ шавад, девонааш кун!» Ва «Сари кўҳи баланд…» гуфта ба осмони танг печонидайи кўҳҳо менигарам, ки уқоб парвоз дорад, роста парвоз дорад ва бол намеафшонаду меравад чу моҳӣ бар об.
Нуробод. Мошини мо пешопеш меравад ва ҳоло ҳам роҳи Тавилдара тўл мекашад. Ва Мухтор ба пас менигарад, ки корвон дур аст ё наздик. Зеро аз ҳад манзараҳо дилнишин бошад, онҳо пиёда шуда, тамошо мекунанд. Ва маълум нест, ки депутатҳо дар мошини хеш чӣ хушгўйиҳо доранд. Воқеан ман дар мошини онҳо сарборӣ, зеро аз мани суханчин бим карда баъзе ҳарфҳояшонро намегўянд… Вале лолаҳойи ҳумро аз дур диққати моро рабуданд, пештар омада дидем, ки чароғони Нуристонанд. Духтарони гулсурати ноҳия, ки ҳамроҳи раис Зиёратшо Саъдуллоев дар нимароҳ пешвоз омадаанд. Чанд рўз пеш онҳо дар чойхонайи тозабунёди шарқиёна ва бо усули миллӣ – кандакорӣ, қабзафурўмон, кунгураву қасаба сохта гирд нишаста чун чароғ рўшанӣ медоданд. Ҳоло дар адири канори роҳ чун лолаву ҳолмун рўйидаанд. Аҷаб зеб дорад миёни сабзаву шукуфаҳо лолае ё ҳолмун шукуфта бошад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор