Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Қасдан аз наздашон гузаштам. Ҳарфе нагуфта гузаштам.
— Ёфтӣ, муаллим? – аз ман пурсид мард.
— Ёфтам, вале чизе нафаҳмидам.
— Ҳаа!..
— Шумо намедонед, ки вай кист, чаро ин хел рафтор мекунад?
— Чӣ хел?
— Сукут, хаёл.
— Надонам, – ҷавоб дод мард, вале занак сархам роҳравро мерўфт.
— Духтараке, ки ҳамроҳи шумо замин мерўфт, хоҳари ў будааст...
— Надонам, вай тани мо не.
— Ҳаа!
Ман дигар аз онҳо чизе напурсидам, гўё барои ман фақат ҳамин чиз лозим буд, ки сарчашмаи ин рўди мусиқиро ёбам. Ба назари ман он духтар заршўеро мемонд, ки лаби рўд нишаста дар торҳои пўстаки дасташ тиллопораҳоро медорад. Хаёли ман ба ў банд:
ба ҳар ҳол ланг нест, дастонаш ҳам солим, кару кўр ҳам набояд бошад. Эҳтимол забони гўё надошта бошад, ки хоҳараш бо ў гапзанон накард. Ҳамаи ин маро муаммое буд.
Дари хонаро кушода даромадам ва назди тиреза рафтам, ки боди сабо садои мусиқӣ меорад ё на. Садои мусиқӣ набуд. Ва ман тасаввур мекардам, ки агар дар чунин вақт дар деҳа мебудам, чӣ садое мешунидам. Пеш аз ҳама садои рўд, ки то субҳ ҳамдиёрони маро алла мегўяд. Баъд шояд овози хуши булбул аз садаи парчи пул ояд. Бонги мурғон, чир-чири сиёҳмалах ва садои комбайни дашт. Вале ба ҷойи ҳамаи ин садои ба ҳам такон хўрдани вагонҳо ва овози дилбазани движокеро шунидам. Аз кадом тараф аранге бонги хурўс баромад ва садои пуризтироби ҳуштаки милиса онро пахш кард. Хобам парида буд. Сари синаамро ба пештахтаи тиреза партофта ба дигаргуи шудани фазои Машриқ дида бастам. Ман ин манзараро дар асарҳо хондаам, вале дар ягон асари мусиқӣ дарк карда натавонистам, ки мисли мисраи Бедил «Сурати хамёза дорад чини домони саҳар» гуфта тавонад. Оҳангҳое, ки ў такрор мекунад, нолаҳойи шабҳангоманд ва ё рўзҳои гузашта.
Ман акнун интизорам, ки он ғояти шаб кай фаро мерасад, ки ман оҳанги диловезро шунида назди дарвозаи ў равам. Оғози оҳангҳоро интизор шуда натавонистам. Рафтам. Аз дур дидам, ки он се тан роҳравҳоро мерўбанд, роҳамро дигар карда ба тангкўча даромадам ва ҳаросида-ҳаросида ба дарвозааш наздик шудам.
Пеш аз он ки аз роғи дарвоза нигарам, дуздона ба атроф чашм давондам, ки мабод, омадани маро ва ба ин ҳавлӣ нигоҳ кардани як шахси бегонаро касе мушоҳида мекарда бошад. Дилпур шуда аз роғи дарвоза нигаристам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё