Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Муаттар дар зинапояи болохона фурў нишаст.
Модари бригадир аз ошхона баромада, ба ў «Ҳа, ойим» гўён киноя парронд ва сагбачаро бардошта ба коҳдон бурд...
Мотосикл ба ароба наздик шуд. Назир хост аз аскарбачча баъзе чизҳо пурсад ва дид, ки болои ароба Ёрмуҳаммад нишастааст.
Якбора газ дод ва ба Ҷавлон рў овард:
— Кӣ гуфт, ки ў ба ароба шинад?
Ҷавлон ба гапи ў ҷавоб надод. Вай ин дам аз рафтори худ шарм карда, ба хаёл рафта буд.
— Чаро хомўш шудӣ, Ҷавлон?
— Чӣ гўям?
— Мегўям, ки бо иҷозати кӣ ў ба ароба нишаста бошад?
— Назаратонро паст нагиред. Монед кор, карда гардад...
— Ҷавлон! Муаттар ҳамаи асрори моро фаҳмидааст. Ҳамроҳ рафтани моро дидааст.
— Тарсидед?
— Гап дар тарс не. Моро расво накунанд, мегўям.
— Кӣ?
— Одамон.
— Назир, ман шуморо нафаҳмидам. Ба назарам, ки шумо – мардҳо дар ҷойи худ мемонед ва ман ба ягон ҷо баромада меравам.
— Ҷавлон, тез нашав. Агар ту суханро ёфта занӣ, ҳеҷ гап намешавад.
— Чӣ хел?
— Масалан, даъво нею, гўй, ки мо ҳамчун дўст ба ҳамдигар муносибат мекунем.
— Вақте ки ба рўйҳои ман доғ пайдо шуд, мардум ба ин бовар мекунанд?
— Чӣ хел? – мотосиклро боздошт ў.
— Ҳамин хел. Ҳамааш айби худам.
— Ман дар ноҳия духтури шинос дорам. Ҳамроҳ меравем.
— Ба ғамхориатон ҳазор раҳмат!...
8
Ҷавлон ин пагоҳ пиёда сўйи идора мерафт. Дар кўчабоғ, лаби
оби равон Ёрмуҳаммад ва аскарбачча сару гардан ва даступойи
лойолуд мешустанд. Аскарбачча ба рўяш ду-се каф об пошид ва
ба занак нигоҳ кард ва оҳиста сурфид. Занак ба онҳо наздик шуда,
рўяшро яктарафа карда гузашт ва назараш ба рахнаи девори боғ афтид, ки дар паси он сангдеворе боло шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё