Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сари девор рафт, вале бовар намекард, ки Назир аст. Аз ҳарос меларзид..
— Ҷавлон?!
Ин овоз ўро як қад парронд.
— Ҷавлон, ба ту гап дорам. Ягон чиз пўшида биё!
— Не, ман намеравам.
— Гапи муҳим...
Ҷавлон суханро кашол накард ва рафта камзўли беқасабро пўшида, мисли наварўс ба кўча баромад ва омада, ҳарфе нагуфта, ба мотосикл нишаст.
— Ман хам мешавам, – гуфт Ҷавлон, вақте ки аз назди боғи Ёрмуҳаммад мегузашт. Назди рахнаи боғи ў ароба лаклак буд, асп дар паҳлўи ароба алаф мехўрд, аз лойхонаи паҳлўи хона садои каланди Ёрмуҳаммад меомад.
Ҷондоре аз пеши чароғи мотосикл гузашт. Овози мотосикл садои ҷонвару ҳашаротро пахш карда буд.
— Куҷо меравем? – тоқат накарда, пурсид Ҷавлон.
— Ҷое, ки як шабро ҳамроҳи ман гузаронидан мехостӣ.
— Ҳа, акнун ба худ омадед?
— Гапҳои пасту баланд назан, худам хафа ҳастам.
— Чӣ маҷбур кард, ки дар ин ғояти шаб омадед?
— Муаттар девона шудааст.
— Чӣ?! – дасти рости Назирро дошта сахт кашид ў ва саҳл монд, ки мотосикл ба ҷўй равад. Назир ҳушёрӣ кард ва рулро ба чап гардонд. То лаби рўд хомўш рафтанд. Назир аз бордони мотосикл ҷуволи алоро гирифта, ба рўйи рег паҳн кард.
— Моҳро бин, чӣ хел аз даруни об тоза менамояд.
— Вай моҳ аст, одам не!
— Ин ҳарфат чӣ маънӣ дорад?
— Занат чӣ хел девона шудааст?
— Ҳоло ин хел чизҳоро напурс. Ту бояд ҳама вақт барои ман як хел бошӣ. Ҳама фикру зикрам ту. Ба баҳонаи девонагӣ аз занам халос мешавам. Ин чизро бояд фикр кунӣ... Чӣ хел овози рўд баланд-а?
— Аробакаш мегуфт, ки шабона аз маркази ноҳия ойӣ, аз он тарафи рўд овози сагҳои деҳаро мешунавӣ. Ба назарам дар хомўшӣ овози андак ҳам баланд метобад.
— Дуруст-ку? Ту чӣ хел зебо шудаӣ.
— Ҳо, хеле зебо шудаам ва ҳайронам, ки дар ҳамин вазъият дар дили ту чӣ хел меҳр меғунҷад.
— Ту дар ҳар вазъият метавонӣ ба дили ман ҷой дошта бошӣ.
— Ту фикр мекунӣ, ки ман бо гўшаи рўймол шикамамро чӣ хел пинҳон карда мегардам? Дар ҳамин ҳавои гарм маро кӣ маҷбур...

пешина
аз 393
навбатӣ