Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чўпон ба нўги таксинҷи барҷастаи дарвозахона нишаст ва:
— Ҳамту? Гила аз худатон!
Гўён асояшро ба сутуни дарвозахона сахт заду баромада рафт.
Ба пўсти Алибек кайк даромад. Одатан воқеае тезу тунд шавад ё худаш ба ҳаяҷон ояд, нўги забонаш, гўё ки бахташ бошад, чаппа шудан мегирад.
Омадани каси дигарро дида шод шуд, ки пулаш мезояд. Ҷўрачатоқ омад. Ўро ба чой таклиф кард. Чун фикраш ба чўпону таҳдиди ў буд, аз рояш гашта, дар роҳрав қарор истод ва хост, ки ў пул бароварад. Ҷўра худро ба нодонӣ зада вазн ба пойи сиҳаташ партофтанӣ шуда худро рўйи санги роҳрав гирифт. Як лаби санг бардошта шуда, гашта сахт ба ҷояш нишаст; оби барф шалаппӣ ба маҳсию эзори бой зад.
— А, шота об барад, чӣ кор кардӣ? – Вай ҳамин вақт ба пояш нигоҳ кард, ки калўшашро напўшидааст, баъд ба муғамбирӣ гу-
1 зашта: «Пақусур, саросема кард» гуфт, вале Ҷўра ба сухани ў эътибор надода пулро баровард. Бой пулро гирифта шумурд баъд хандаи фиребо карда гуфт:
— Ин пули худам додагӣ-ку?
— Ҳа, пули худатон надодагӣ ҳам мешуд-чӣ?
— Шўхӣ накун, Ҷўра-чатоқ... Худат медонӣ, ки ман...
— Медонам, вале як тин пулатонро сарф накардам.
Ба Ҷўра пул лозим набуд. Вай маҳз барои он пул гирифт, ки дар бораи бой як мазҳакаи нав бофад. Вай пайдо мехост, вале Ҷўра хандида-хандида «Не, бой, ман пули худатонро овардам»
мегуфт.
Алибек гўсфандҳоро ҳам фаромўш карда, акнун мехост, ки аз Ҷўра чизе рўёнад. Ўро аз нав ба чой таклиф кард. Ҷўра қасдан сангро як бори дигар ҷунбонда обро шалаппос занонду «Э, сари соҳибата хўр» гуфт. Бой гўё ки гапи ўро нашунида бошад, натақ набаровард.
Онҳо дар офтобрўяи айвон нишастанд, занак дастархон кушод.
Андарунаш бурдаҳои лочираи аз худойиҳо овардаи бой қоқ шудаанд. Баъд дар як лаълӣ чормағзи кирмзада ва тутмавизи сиёҳ овард, дар як коса равғани зарди панҷсолаи ғиёмкардаи занак, ки маззааш забону гулўро месўзонд, дар байни лаълӣ буд. Ҷўра ба ин чизҳо хуб нигоҳ карду якбора «омин, корам зарур» гуфт.
— Шота об барад, ин хел нашудааст-дия! Мана хафа мекунӣ.
— Хафа нашавед, ҳамин пули худатон, ё не?
— Пул-пули худаму боз қоида қоида-дия. Боз лозим шавад омада мегирӣ...

  1. Падарқусур Ҷўра дигар чизе нагуфта хеста рафтан гирифт.
пешина
аз 393
навбатӣ