Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Занак ҳаросид ва ранги рўяш сахт тағйир ёфт. Пояш лағжид, зуд асояшро ба такя гузошта, худро нигоҳ дошт. Ҳамин вақт бой қариб буд, ки ба ў дарафтад. Занак худро ба паст ҳавола дода паси харсанг гирифту асояшро мазбуттар дошт. Алибек ба ў наздик омад. Зан асоро бардошта сари бойро нишон карда шофосо ронд. Асо аз рўйи сари бой шуввӣ ҳаворо бурида ба шаст омада ба харсанг бархўрд ва дасти зан лат ёфт, вале ў дар гармиаш ҳис накард. Бой ҳаросида дигар пеш наомад.
«Ҳа?...»
Вай тарсид. Чашмонаш давида баромаданд ва аз дил гузаронд, ки асои ў мерасиду ҳамин ҷо мемурд, молу ҷоҳу ҷалолаш киро мемонд? Боз аз тарс ҳамон оҳангро такрор кард:
«Ҳа?»
Бадани бойро арақ пахш кард. Чашмашро пўшид. Молу ошноҳояшро ёд овард, ки дар Ўсмат ва Бахмал ном ҷойҳои Ўзбакистон, дар Рухшону Ёриву Нимдонаву Сурххок ном деҳаҳои водии Зарафшон дар дасти ошноҳо гўсфанди зиёде дорад, ки рафту асои зан ба сари ў мерасиду мемурд, ҳамаи он молҳо аз они ошноҳо мешуд. Ў ба худ омад, ба чўпонзан «Ҳазл кунам, қариб зада кушта будӣ» гуфт ва аз нав хост молҳоро ҷудо кунад...
Ҳамин вақт зан дид, ки аз Таги Ғор касе намоён шуд. Акнун дили ў ором ёфт, вале дасташ сахт ба дард даромад. Бой молҳоро ҷудо мекард, вале зан гап намезад, зеро вай бовар дошт, ки то он дам шавҳараш расида меояд...
Бозор омад. Рост ба чашмони занаш нигоҳ карду «гуноҳи замон» гуфт.
— Ҳеҷ гап не, – дилбардорӣ кард зан.
Вале дар он тараф бой қуту амолаш канда лаҳза ба лаҳза ба онҳо нигоҳ мекард, ки зан рафтори ўро ба шавҳараш мегўяд, вале зан аз ин ваҷҳ даҳон накушод.
Бозор назди гўсфандҳойи бой омада. як гўсфанди сафед ва як сиёҳи пойи росташ холи сафед доштаро ҷудо карда аз нав ба мол ҳамроҳ намуд:
— Ҳа? Шота об барад, чӣ кор карда истодаӣ?
— Ду қарор. Ду гўсфанд.
Бой шах шуда монд. Вай тарсид. Ҷон ба саломат бурдан барои ў ғанимат буд, аз ин рў чизе нагуфта, гўсфандҳои ҷудокардаашро пеш ронд. Баъд худ ба худ ғурунгид: «Ош накун. Даҳ боло карда нагирам, Алибек набошам».
3
Ҷўра-чатоқ дар байн даромада, як кўча мардонро механдонд.
Онҳо рўйи суфа, дар таксинҷҳои пешайвони магазину чойхона,
рўйи сангҳои сиёҳи пул нишаста ба гапҳои ў гўш андохта механдиданд, Вай дар байни мардум чунон машҳур шуда буд, ки ҳатто нигоҳ кунад, хандаи кас меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё