Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ассалому алайкум! – дастони бой якбора аз пушт ба пеш гаштанд ва чашмонаш боҳасрат ба Ҷўра-чатоқ дўхта шуданд, ки гўё мегуфтанд: «Аввалин касест, ки маро фиреб дод. Боғи зебои маро, ки то ин дам меваашро касе начашида буд, рахна кард. Дар ҳар ҷо дод аз дасти ту мегўям».
— Бой, фикр карда мондед? – ба хадуки Алибек расида гуфт Насим-пучуқ.
— Шоша об барад, ҳамин чўлоқ ғалатӣ-дия.
— Бой-амак, чўлоқа кораш калон.
— Канӣ-канӣ?
— Имрўз як кабк доштааст, қафас мекобад.
— Йӣ, шота об барад, ту қафасата надодӣ?
Даҳони Ҷўра-чўлоқ боз то баногўш кушода шуд.
— Бой-амак, қафаси ин кас тангӣ кард. Ваа!!! – боз қофия зад чўлоқ.
— Шоша об барад, барои бедона будааст-дия.
— Ваа!!! Кабкчўҷа бошад мешуду сабил ман пирчаашро доштам.
— Доматон хуб калон будааст, ки пирчааш афтидааст. – Ҳамаи ғаниматҳои ба сараш омадаро ба чўлоқ бор карданӣ шуда гуфт Насим-пучуқ.
Мардҳо аз ханда шикамашонро медоштанд. Ҷўра-чатоқ вазнашро ба асояш партофта механдид. Насим-пучуқ аз рўйи санг парида хест, бой оби чашмонашро пок мекард, баччаҳо аз ханда гирд-гирди мардҳо мегаштанд, ки ҳамин вақт аспсаворе «хонаи Камолиддин тўй-ба!» гўён ҷор андохта гузашт.
Ҳама якбора хандаашонро боздоштанд. Бой овози ҷорчиро нашунида аз нав дасташро ба гўшаш лапар кард, ки дурусттар фаҳмад. Овози савор дур рафта буд. Бой нашунид. Баъд ба Ҷўрачўлоқ рўй оварда пурсид.
— Чӣ мегўяд?
— Мегўяд, ки касе, ки гурусна бошад, ба хонаи домулло равад.
— Чӣ хел?
— Домулло қарзҳои аз одамон гирифтаашонро бармегардонидаанд.
Бой хеле ба сукут рафт. Мазмун, аз ин гап хулосае бароварда, ришашро панҷа зад. Пас, оҳиста ба одамон назар андохт. Ҳама гўё бо қиёфаи орому таҳдор ва нигоҳҳои писхандомези худ ба бой механдиданд. Андому ваҷоҳату сукути онҳо ба бой як саҳрои тумангирифтаи ноаёнеро намудор кард. Бой мисли гунаҳкоре тез-тез ба онҳо нигоҳ карда, ҳарфе назада, гўё ки ҳозир ҳама ўро даст гирифта танбеҳи фалон-фалон корҳоят гуфта «сила» мекарда бошанд, тозӣ барин худро ба тангкўча гирифт. Одамҳо аз қафои ў механдиданд, пичинг мезаданд, ҳатто дашномаш медоданд, мумсикиашро медонистанд, вале дар рўяш чизе намегуфтанд.

пешина
аз 393
навбатӣ