Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рост мегўям. Бой шаби гузашта гови зани Усто Раҷабро бар ивази қарзҳояш гирифтааст, барои ҳамин тўй додааст.
Баробари ин суханҳоро шунидан ҷони бой ба гулўяш омад ва пас гашт.

5

Ба бой ҳавасе пайдо шуд, ки тўй кунад. Аз занаш умеди фарзанд нест. Зани дигар мебояд. Барои ин дилу гурда даркор, ки бо занаш гуфтугў кунад... Он гоҳ шарту шароити онҳо чӣ мешавад?
Онҳо ваъда кардаанд, ки ҳамдигарро гўр кунанд. Ва ё зане ёфт шавад, ки бо мизоҷи инҳо мос ояд. Бой шабу рўз ба фикр рафт ва зане, ки ба зеҳнаш шишта бошад, ёфт нашуд. Вай чунон матои зангириашро буру дўз мекард, ки кўке ноҷо наравад. Якбора ба сараш омад: зан кофта нагашта, ба зани Усто Раҷаб хостгор фиристаду монад. Ба як тир ду нишон: ҳам зан, ҳам гов. Ин чизро ба занаш чӣ хел фаҳмонад. «Агар аз он зан даҳон кушоям, албатта Ҷонгир мегўяд, ки як гапат будааст, ки занак нисфишабӣ ба ин ҷо омад. Баъд кор, уҳу-уҳу...» дар дил мегузаронд бой, баъд оҳи дарозе мекашид, аз нав ба фикр мерафт ва охирон сурфида, фаши салаашро зери лаб мегирифт.
Саллаи бой имрўз нав менамояд, онро ранг додаанд, ранги он ба лабони бой оби усма барин нақш бастааст.Ў бо гўшаи намдори саллааш чашмонашро пок кард ва оҳиста ҷуссаашро бардошта рост шуд ва назди занаш, ки ба пали пиёз пору мерехт, рафта болои сараш хамёза кашид; хамёзааш тамом нашуда ба гап даромад:
— Ҳа… ҳамин кор ба ту зарур аст?
— Ҷонгирҷон, кӣ мекунад?
— Рост мегўйӣ. Ба ту ҳам азоб.
Бой хеле хомўш монд, маккорона ба гирди ҳавлӣ чашм давонд, баъд ба занаш нигоҳ карда монд.
— Ҷонгирҷон! – нарм ва хеле самимӣ овоз баровард ў.
— Лаббай!?
— Акнун ба мо ин хел корҳо намезебад. Ҳақки ману ту пойро дароз карда, худо гуфта шиштан аст. Як одам даркор, ки ба ҳамин хел корҳо андармон шуда гардаду ману ту...
— О Ҷонгирҷон, дар ин солу замона канӣ ин хел одам. Ҳама барои худ. Як не, се-чор хизматгор гирифтед, нашуд. Бед, ки худам тону нотон ҷунбида гардам.
— Хизматгор дигару...
— Ё дилатон ба ягонта...
— Ҷонгирҷон, ману ту ҳеҷ чизи рустӣ надорем... Бояд ба ту гўям. Дирўз дар кўча мардум ҷамъ буданду ба ман расонида дар бораи тўю тўйдорӣ кинояҳо заданд. Ба ман алам кард. Худо ба ту ягон шоҳписар медод, ҳоҷати ин гапҳо набуд.

пешина
аз 393
навбатӣ