Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ба рўйи гилеми сиёҳи ба айвон густурда ғел мегашт, асабҳояш ўро нороҳат мекарданд. Фаши саллааш чашмонашро пўшида буд, ҳамон зайл хобаш бурд.
Пас аз ду соат бедор шуд, ки сараш тоза аст ва асабаш ором.
Акнун маълум шуд, ки ташнагиаш аз чист. Вай шикасти корҳояшро ҳис накарда, худро ташна мепиндошт. Намефаҳмид, ки одамон дигар шудаанд ва қариб як сол мешавад, ки касе аз ў пул қарз нагирифтааст. Акнун бой «чун пир шудӣ, аз маърака дур шудӣ»
гўён худро тасалло медод, вале ба касе, ҳатто ба занаш намегуфт. Ў ба хулосае омад, ки маъракае ороста боз дили одамонро гарм кунад. Вале чӣ хел? Инро худаш ҳам намедонист ва ба касе маслиҳат пеш бурданӣ набуд, зеро ба дарҳо «зан» гўён рафтани Ойимхон ба деҳа паҳн шуд ва ҳама дар ин хусус гап мезаданд ва мегуфтанд: «Бой-ку бой, Ойимхон чаро баройи худ гўр мекобад?»
Ҳатто рўзе Ҷўра-чатоқ одамонро рўйи суфаи кўча шинонда худ дар нақши Ойимхон даромада, якеро амаки бевае хонда бозиро сар кард:
— Падар, ҳар чӣ хоҳед, ба ҷон иҷро кунем, ҳамин мўйсафеди маро ба фарзандӣ қабул кунед.
Мард ҳайрон мемонд ва ба ў рў меовард:
— Шумо-ку девона нашудаед? Охир кадом аҳмақ ба худ гўр мекобад?
— Падар, ҳар чӣ гўед, майлатон. Лекин мўйсафед ба касалии зан гирифтор шудааст. Ман пир шудам. Вай аз ман панҷ сол хурд.
Эҳтимол дилаш зани ҷавон хоҳад. Барака ёбед, ёрӣ диҳед.
— Ба ҳар кас мумкин, лекин ба мўйсафеди шумо не!
— Аа..а? – даҳони Ҷўра-чўлоқ воз монд ва фўтаи ба сараш рўймол кардаро партофт ва аз ханда ғелид:
— Наход, ки бой то ҳамин дараҷа...
— Ба бой-чӣ? Кампирашро гўй!
Мардҳо байни худ ҳар чӣ мегуфтанд ва механдиданд, ки сўфӣ ва эшони Калон пулро гузашта назди онҳо омаданду пас аз салому алейк: «Кушоиш шуд» гуфтанд.
— Кушоиши чӣ? – пурсид Ҷўра-чўлоқ.
— Ба бой аз деҳаи ҳамсоя арўси кори калон ёфтем.
Ҳама баробар хандиданд. Сўфиву эшон ҳам сабаби хандаро напурсида, хандиданд...
Зани бой ҳомила нашуда, дар деҳа овоза шуд, ки бой «писараш»-ро тўй мекунад. Ин монанди овозаи офтобгирӣ боиси
интизорӣ гардид ва пас аз чанд рўз басанда шуду касе аз ин хусус ҳарф назад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё