Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҷонвар. Шояд беқарории Сиёҳмушкин барои ҳамин хам набошад. Баройи соҳибаш будагист; барои парешонӣ, ноҷамъии ў будагист, ки вай дар охтахона чарбу гирифта мехобаду Сафар қаду бари дашти фарохи Сабағро қадам мезанад.
Ҳо қадам мезанад – сенздаҳ ҳазор ба дарозӣ ва ҳазору чорсад ба паҳнӣ қадам мезанад; боз шумурда қадам мезанад, аз бекорӣ ин корро мекардагӣ барин. Касро хоб набарад ва ё ягон фикри саршиканро аз сар дур андохтан хоҳад, ҳамин хел рафтор мекунад
– як, даҳ, сад, ҳазор гуфта мешуморад, лекин Сафари хонакалон беҳуда як-ду гуфта дашти Сабағро қадамшумор кард, ана акнун ба андеша меравад, ки ҳамин қадар масофаро бар қадди дашт кандаю бурида, сарҷўй кофта, ба ин дашти Оташ об бояд баровард.
Сарҷўй кофтани болои дашт дарди бахайр, лекин шикофтани шахи сахт, ки ба дарозии қариб чорсад қадами Сафар аст миёншикан.
Сафар қўшу палтарашро бардошта ба такоб кўчид; ба гапу калочаи мардум, ки Сафар ақлашро хўрдааст, кӣ гумон мекунад, ки шахи офтобрўяи тагобро шикофта Фарҳоди сонӣ об мебарорад.
Ўро ба девонагӣ бароварданд, аммо Сафар аз азмаш нагашт; такоб рафт. Дар марғи миёна хиргоҳ зад ва ду духтари калонаш чўпон шуданд. Ва худаш аз пайи нақшаи сарҷўй шуд: вай обтарозуи новашаклро, ки аз ду сар сўрохии тангаандоза дошт, бардошта ба сари об рафт ва хуб мушоҳидаю муойина карда, канори харсанги ба пояи ҳайкал монанд, хеле бозистод, сонӣ бар сари он сангеро нишона гузошт ва ба обтарозуаш об андохта, аз паҳлўи харсанг ба дари адир нигарист, аз сўрохиҳои обтарозу ҷойи дид кардаашро зеҳн монд; лаби обтарозуро ба ҷониби худ бардошт, об ба лаби сўрохии пеш баробар шуд, аз сўрохии назди худ ба сўрохии пеш нигарист, ҷоеро зеҳннишин карда, рафта ба он ҷо сангеро нишона гузошт, мех кўфт, сипас аз он ҷо дуртарро нишон гирифта ва ҳамин хел дар ҳар бист қадам нишон монда, то бехи шах расид ва илоҷашро гум кард. «Шояд одамон дуруст гўянд...» ба шахи баланду сахт нигоҳ карда аз дил гузаронд ў ва панҷа мушт кард, ки сахттар аз шах одам ва ин чизро аломати нек пиндошта, гўшаи дилаш равшан шуд; ба лабаш ҳам табассум дамид.
— Мардак, бас нест? – назди ў нону ҷурғот оварда пурсид занак.
Сафар ба сару рўйи занаш нигарист ва табассум аз лабаш дур нашуда, ба ў ишора кард, ки дастархонро накушода лаби об фарорад. Зан рўйи сангоб фаромад ва Сафар оби обтарозуяшро рехта онро паҳлўи рост – зери каш гирифт ва қадоба фаромад.
— Монда шудед, мардак, акнун бас будагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ