Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳама ҳам кор дорад, шумо як ҷои аниқ надошта бошед, ки... Аз шумо искорий наздиктар...
Ромиз аз гапҳои Хола-мулло пай бурд, ки Саидаро мошини ёрии таъҷилӣ омада бурдааст. «Ташаккур, Хола-мулло, хайрият, ки шумо будаед» гуфт ва ба лаб во карда, чизе гуфтани занак нигоҳ накарда тозон аз дарвоза бадар рафт. Ҳамин лаҳза Холамулло пай бурд, ки Ромиз кўдаквор рафтор мекунад, ҳатто ба куҷо бурдани ўро напурсида, тозон рафт. То қабулгоҳи таваллудхона давид ва аз занаки назди ғурфача нишаста Саидаро пурсон шуд.
«Дар «фарёдхона», ба тирезаи болои дари даромадгоҳ нигоҳ кунед» фаҳмонд занак. Ромиз берун баромада дергоҳ ба тирезаи ошёнаи дуюм нигарист ва дид, ки сояи касе пеши тирезаро ин тараф, он тараф мегузарад. Беқарорӣ дорад. Ромиз аз он сояе, ки гардиш мекард, беқарортар буд. Ў тақдири Саидаро меандешид.
Азоби зодан як тараф, вале хавфи он дигар. Падар дуртар рафт, то фарёди ў нашунавад, аммо умед дошт, ки агар он сояи назди тиреза сояи Саида бошад ва шуду чашмаш ба шў афтад, қувват мегирад. Вале дар паси тиреза сояҳо пайдо шуданд ва даву ғеҷашон аён буд. Ромиз пештар, зери тиреза омад. Ба гўшаш фарёди зан расид; аз пасаш садои аввалини тифле: одами нав ба дунё омад. Ва касе надонад, ки ин одами нав кӣ шавад ва чӣ гуна кас.
Аслиҳаи нав барорад ва ё касе шавад, ки тамоми калидҳои барои тарконидани бомбаву тўпҳо гузоштаро дуздида, ин аслиҳаҳои одаму оламсўзро нобуд созад. Ҳар кор карданаш мумкин, аммо бо дили инсон чӣ муносибате мекарда бошад; инаш муҳим: агар дар дунё дили инсониятро ба даст орӣ, онро маёзорӣ, хотиру рўзгори онро хуш дорӣ, ҳеҷ гуна ҷангу ҷадал нашавад. Мушкилоти аввал ҳамин аст... Одамӣ барои чӣ ба дунё ояд? Барои омадану рафтан?
Барои дил озурдан?.. Одамӣ ба дунё омаданро надонад, вале рафтанро яқин кунад. Аммо дар сари кор, дар сари ҷаҳл ва боз дар мавридҳои зиёде, ки ҳалли мушкилот дар дасти ўст, ҳамин чизро низ фаромўш кунад. Фаромўш кунад, ки осудагии хонадон аз ў вобаста аст, фаромўш кунад, ки ҳама чиз аз ҳамин ҷо сар занад:
хонадон ин Ватан аст, хонадон ин дунёст, хонадон нафс дорад, хонадон осудагӣ хоҳад, ба вай эътибору шараф лозим аст, иззати нафси онро лагад задан нашояд, обрўи онро дар назди дигарон рехтан набояд... Хонадон кадхудо дорад ва ҳама гуна бурду бохт аз ў вобаста. Шуду фарзанди нохалафе дар ин хонадон ба дунё ояд, шикасти он хонадон бувад... «Саида!» фарёд зад дили Ромиз, «Саида!» фарёд зад худи Ромиз. Вале ҷавобе нагирифт. Сояҳо низ гум шуданд. Ба гўшаш садои тифлона омад; чунон сахт расид, ки гўшашро сўрох карда бошад, сонӣ чунон ором шуд, ки гўӣ гўши Ромиз қуфл зад. Ромиз фақат донад, ки боз даруни бино шуда, гунг барин ба рўи занаке, ки маълумот расонад, нигарон истод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо