Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мўй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Аҳли толор истода ба по каф кўфт ва актёр даст пеши бар таъзиме кард, ки пурмазмунтар аз моноспектаклаш буд.
Духтараке тақрибан даҳсола, ки кокулонашро тасмаи гулобиранг зеботар карда буд, дастагуле оварда мисли балеринадухтарон зону шикаста, онро ба Ромиз дароз кард. Актёр гулдастаро аз дасти духтарак гирифта, аз пешониаш бўсид... Садои кафкўбӣ Рўдакиро бори дигар ба саҳна хонд. Актёр таъзим кард, мардум кафкўбон аз толор мебаромаданд... Вале худи ў қонеъ набуд; пай бурд, ки моноспектакл нотамом аст. Ҳоло ў фақат шеър хондааст, он ҳам нопурра, вале худи шоир, ҳаёти ў ва азобу шиканҷаҳояш ба саҳна наомадаанд. Ии нукта дар песаи «Рўдакӣ» пурра аст ва барои он ки мардум ўро нусхабардор нагўянд, аз ин чиз худдорӣ кард, фақат шеър хонд, аммо ният дорад, ки ин чизро низ ба тамошобин расонад...
Ў саросема либос бадал кард ва гулдастаро гирифта, аз театр берун омад, ки ҳама пароканда шуда рафтаанд. Ў намедонист, ки барои чӣ ин қадар саросема аст? Ба назар касе, ки мудом пешопешаш мегардад, ўро дар кадом хамгаште нигарон аст ва чун мардум пароканда шуда хона ба хона рафтанд, масхара мекардагӣ барин як бор ба Ромиз нигараду чунон сеҳре кунад, ки хоҳу нохоҳ Ромиз аз пасаш кашол гардад. Вале ў ин дафъа ба дигар касон вохўрд: «Шўем!»
Онҳо Ромизро гирд гирифта намонанд, ки қадам занад, ў ҳамаи онҳоро мешинохт: дардмандони адабиёт ва санъат буданд онҳо; дар нашрияҳо ва пажўҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва баъзе шўъбаҳои Академияи улум кор мекарданд... Дили Ромиз гувоҳӣ дод, ки ўро боз дар сари роҳ ва дар назди дарвозаи Мулло-амак ва ё дар ягон ҷои дигар интизор ҳастанд: ин ҳамон кас; ба назари Ромиз ҳамон кас, ки ўро мудом масхара кунад. Ромиз ба ҷои он кас хоҳад, ки Ҷаҳонороро бинад, валек боз фикр кунад, ки дар пешрафти кораш ҳар дуи онҳо саҳми баробар доранд.
Ҷаҳоноро ўро ба кор бозгардонд; касе, ки Ромизро чун шабаҳ тобаду масхара дошта боз ғайб занад, ўро ба пеш ҳидоят мекунад.
Актёр аввал гумон мекард, ки каси гоҳ аёну гоҳе ниҳон ўро на сўи сароб, балки сўи мурод барад, аз ин рў ҳар ҷо, ки Ромиз ўро як назар бинад, ҷаҳд кунад, ки дарёбадаш ва мақсаду муродро аз ў бипурсад... «Бубахшед, дўстон! Ҳамроҳатон рафтанӣ, вале на ҳоло, бубахшед!» гуфта Ромиз аз миёни ҷавонон баромад ва сўи хона равон шуд. Пешопеш на он шабаҳе, ки Ромиз интизораш буд, балки касоне вохўрданд, ки ў дидан мехост. Духтараке ки ба ў гулдаста бахшида буд, шинохт. Духтарча, модараш ва боз як занаки дигар буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо