Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«берунободи дарунвайрон»; бад бинад, ки ҷавонони бемағз либоси духтарона пўшанд ва духтарон либоси писарона, нафорад, ки то ба сари синааш нанигарӣ, духтар ё писар будани баъзеҳоро фарқ накунӣ... Вале бозору рўзгорро надонистани ў сабаб дорад: моҳонаро ба Саида диҳаду напурсад, ки чӣ шуд; зеро донад, ки пул аз моҳона то моҳона нарасад. Пагоҳ, ки либоси Саидаро бурд, барои тифл низ бояд парпеч бибарад. Аз ин рў ба универмаги марказӣ даромад, ки парпечу либоси тоза бихарад. Духтарони сиёҳабрўи «универмаг», ки ба театр наздикие доштанд, ўро шинохта, аз дарун парпеч бароварда, «писар бошад, аз сабзаш, духтар бошад, аз гулобиаш гиред» гуфтанд. Ромиз лифофаро накушода, касе бозуи ўро пахш кард ва «ба шумо намезебад» гуфт. Ромиз нигариста Ҷаҳонороро дид ва «рост гуфтед, шумо интихоб кунед» гўён ўро пеш андохт.
— Ман дар дигар магазин хубтарашро дидам, – аз зери каши Ромиз дошта кашид Ҷаҳоноро.
Дўхтарони зебо ба ин рафтори ў абрў чин карданд. Ромиз ба духтарон «маъзур» гуфта рафт. Рафтори Ҷаҳоноро ба духтарон хуш наомада бошад ҳам, ба Ромиз маъқул буд; ў чунин фурсатро кайҳо орзу дошт, вале имрўз чӣ шуд, ки ин зани зебо бо ў чунин муомила кард?
— Писарро чӣ ном гузоштед? – дер боз дар ин бора фикр дошт, ки пурсид Ҷаҳоноро.
Ромиз ба маънии «чун донӣ?» қадам боздошта, ба ў нигарист бо табассум: «Ҳоло ном нагузоштаем».
— Фарзон ном гузоред, – дар дил дард доштагӣ барин гуфт ў.
— Чаро Фарзон?
— Хоҳиши ман, – гуфт Ҷаҳоноро ва як картонқуттии ҷомадонтарҳро, ки то ҳол дудаста пушти бар медошт, дароз кард. – Ягона шавад... Аз номи ман...
Ромиз ҳайрон буд. – Ҳайрон нашавед, Фарзонро писари худ медонам.
— Писари шумо, лекин чунин кор барои чӣ?
— Ман донам, ки шумо ба чунин корҳо хуш надоред, коратонро осон кардам.
— Ташаккур... Умедам буд, ки дардамро сабук хоҳед кард, лек на чунин...
— Ромиз! Маро бегона ҳисоб накунед...
— Баръакс, ман кайҳо шуморо дар дилу дидаам ҷой додаам...
Ромиз дергоҳ ба чашмони зебою сиёҳи ў нигарист. Ҷаҳоноро низ чашмонашро нагурезонд. Ромиз бовар надошт: «Найранг...
зери чунин бозӣ чизе ниҳон аст», аз дил гузаронд ў ва нобоварона сар ҷунбонд. Занак аз сарҷунбонии ў маънии дигар кашид:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо