Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ў аз пайроҳаи рў ба рўи дарвозаи Ҷаҳоноро як бор гузашта, пас рафт ва бозомад. Дарвозаи ҳамсоя боз буд ва марде даст пеши бар рост истода касеро интизорӣ мекашид ва баъзан сўи Ромиз менигарист. Ва ин истоду нигоҳаш дили ўро ба ғаш овард. «Роҳи ўро пояд». Шинос барин як бор-ним бор ба воситаи телевизион суруд хонда номи ҳофизиро бардоштааст. Мазмун, ў низ Ромизро шинохт. Гап дар бораи шинохтани онҳо нест, гап дигар. Наход, ки Ҷаҳоноро ҳаминро дўст дорад? Боз кӣ медонад. Зан – гург.
Як даҳон зада гирифтанашро донад. Ва баъзан гўшт нахўрда, ба дом афтад. Боз кӣ донад?... «Не... не охир. Табъи Ҷаҳоноро баланд. Боз кӣ донад? Малика ба Эзопи зиштрўи ғуломи даргоҳ дил бой дод: албатта барои ақлу заковаташ. Вале ин ҳофиз чандон санъате надорад. Аслан – мантупаз, пули тўйгардиро писандида, касбашро ҳам партофт. Мошин харидааст. Тораш хотамкорӣ.
Боз кӣ донад?»
Ромиз паст рафт, боло рафт. Дуртар рафт. Вале он мардак шиками калонашро кашола карда хона намедарояд. Ба назари Ромиз ангуштонаш боз доранд ва забонаш «ло-ло-лой», яъне пулу-пул гўяд.
Торик шуд. Ҷаҳоноро наомад. Мардак надаромад. Ромиз яқин кард, ки роҳи занакро нигарон аст. Бинии Ромиз хориш пайдо кард. Ў кафи даст ба нўги бинӣ гузошта, сахт молиш дод ва хачаки биниаш шикастагӣ барин ду-се ин тараф-он тараф гардонда хабар гирифт ва бинӣ кашид. Гўё ҳамин хориш дар гўшаи дили ў шарораи рашкро барафрўхт. Баъд сараш тира гашт ва дар байни пардаи тираи шом як симои безеб ва бадҳайбат сўяш дандон гиз карда омад ва тимсоҳ барин даҳонашро калон кушода, садо баровард ва ба гўши Ромиз як суруди гўшхарош ва дилбазане расид. Баъд дид, ки дар ҳамин торикӣ як мурғаки зебо парвоз карда озод ба даҳони бади тимсоҳ фурў рафт. Баданаш ларзид.
«Ҷаҳон» дили ў туғён кард ва пойҳояш пеш рафтанд, тохтанд.
Вале Ҷаҳонороро расонида натавонист. Ў низ аз куҷое бошитоб омад. Аз назди ҳофиз ҳам тез гузашт. Салом карда гузашт, ки ҳофиз одоби тўйгардиро истифода бурд: даст пеши бар таъзим кард, вале чизе нагуфт. Баъди гузаштани занак аз паси ў бо чашми харидорӣ нигарист. Ў даруни дарвоза шуда бошад ҳам, мардак чашм аз он тараф барнамегирифт.
Ромиз сари роҳ рост истод. Ва аз тез даромадани занак умед дошт, ки баргашта барояд... ў набаромад. Ва барқасд, он мардак ҳам надаромад. «Ин қадар дер аз куҷо омада бошад?.. Чаро ин мардак намедарояд?..» Дар бораи ҳар дуи онҳо андешид Ромиз, вале ҷавобе наёфта, ба хулосае омад, ки ў беҳуда фикр кунад. Як бора манаҳ сахт қабза карда, сўи хона равон шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо