Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Меҳмонҳо хафа шуда рафтанд? – хиҷолат кашида пурсид Хола-мулло.
— Не, онҳо ин хел не, Хола-мулло. Лекин духтаратон худро ноҳинҷор ҳис-карда рафтагӣ барин.
— Ҳа-а, вай бехабар будааст, хиҷолат кашид, – фаҳмонд Холамулло.
Вале аз чӣ сабаб бошад, ки Саида сурфида монд: дониста ва ё надониста? Ба ҳар ҳол сурфаи ў ба Ромиз сахт расид ва гумон кард, ки дар ҳамон гўшакиҳояш ба Ҷаҳоноро ягон чиз гуфт, ки зуд рафт.
— Духтаратон будаанду як бор нагуфтед-а, Мулло-амак? – гап мекофт Ромиз.
— Ҳа-а, ҳамааш ҳамин, буду шудамон ҳамин... Сарсахт будааст ин ҳам... Аз зиндагиаш наосуд. Айби ман... Гуноҳи ман, – ашки чашмонашро пок карда гуфт Мулло-амак.
— Мўйсафед, ҳамин рўз рўзи гиря аст? – ўро ҳушёр карданӣ шуда гуфт Хола-мулло.
— Не-е, як омад-дия... Ту аз куҷо медонӣ, ки ман барои чӣ ашк баровардам, – баъди хеле вақт давом дод ў. – Аз куҷо медонӣ...
Ҳеҷ кас таги дили дигар касро нахондааст. Онҳое, ки мегўянд, менависанд – дурўғ. Онҳо хостаи худашон, гапи худашонро менависанду мегўянд. То ҳол ҳеҷ кас ин чизро пай набурдааст: авлиё бошад ҳам, пайғамбар бошад ҳам... Акнун шумоён хоб кунетон...
Мо бо мулло-писар чақ-чақ карда мешинем.
— Ҳа-не, як рўзи дигар, – қатъӣ гуфт Хола-мулло.
— Хайр, монед, Хола-мулло, чӣ хел ки диламон ҳамин шаб нишастан мехоҳад, пагоҳ рўзи бекорӣ, кайҳо боз ин шабро мунтазир будем.
...Ҷеғи якуми мурғон баромад. Мулло-амак бехоб ва Ромиз баумед буд. Баумед буд, ки Мулло-амак саргузашт мегўяд; саргузашти ҷангиашро мегўяд, вале ў аз сўҳбати имшаба дур нашуда гуфтугўро дар ин хусус давом медод:
— Аҷиб, кори дунёро бин-а, ду сол хориҷа равӣ, тамошо кунӣ, боз мошин гирифта биёрӣ...
— Суръати кайҳонӣ, Мулло-амак, набошад, кай аз замин истода, рўи моҳро тамошо кардаанд; одами рўи моҳро дидаанд...
Афсона... Як вақтҳо афсона буд, имрўз ҳақиқат шудааст...
— Он қадар афсона ҳам не... Лекин ҳамаи ин ҳамту – худ аз худ ба даст наомадааст; аз мубориза... аз меҳнат, аз ягонагӣ, якдилӣ ба миён омадааст. Касе ба ин замона ношукрӣ кунад, кўр шавад ва мешавад ҳам... Ба чашм мебинем... Худат «Таърихи СССР»-ро хондаӣ, қатор-қатор филмҳоро мебинӣ ва хулоса мебарорӣ, ки СССР-и мо бо чӣ душвориҳо бунёд шудааст... Тоҷикистон чӣ? Душанбе чӣ? – сар ҷунбонд ў, – Инро ба гуфтан фаҳмонида намешавад,..
Ту гумон мекунӣ, ки Душанберо ба суръати имрўза сохтаанд?

пешина
аз 428
навбатӣ