Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Яъне, хурўси мо мурғи шуморо парид гуфтан кифоя?
— Оре, – ба забони кадом қаҳрамони песае ҷавоб дод Ромиз.
— Коллективи шумо зў-ўр, – ҳасрат барин гуфт Соҳиб.
— Зўр... Дар асар «мушхор» бошаду аз саҳна «шумқор» гуфта овоз баланд кунад, чӣ шавад?
— Барои тамошобини хоболуд фарқ надорад... Тамошобини зирак фаҳмад ҳам, гап назада баромада меравад.
— Барои чӣ?
— Барои он ки аз саҳна ба тамошобин ҳар чиз гуфтан мумкин, вале аз зол ба саҳна чизе гуфтан имкон надорад...
— Чаро?
— Маданияти тамошобин имкон надиҳад. Тамошобин тавонад, хандад...
— Не-е, гап дигар: муросокорӣ... Муросокорӣ истеъдоди бузург талаб кунад, вале барои актёрии мо «маҳорат» кифоя.
Соҳиб ба андеша рафт, суханони Ромизро таҳлил мекард, вале Ромизро намуд, ки барои гап гирифтан Соҳиб кунҷкобӣ кунад.
Аз ин рў хомўш монд. Соҳиб ба Ромиз бадиққат нигарист, чизе гуфтанӣ шуд, боз худдорӣ кард. Ромиз ба фикри худ имон овард, ки Соҳиб аз ў гап гирад. «Ба ҷўраи ҷониат ҳам бовар намондааст.
Як ҳарфро байни ду кас гўӣ, пагоҳ олам пур». Ромиз ба рафиқаш нигарист. Аз чашмони муғулӣ ва тарҳи рўи тағйирёфтааш маълум набуд, ки ў фарбеҳ шудааст ва ё варам кардааст...
— Ромиз, биё ба киностудия барам, – гўё барои ҳамин кор омада бошад, хоҳиш кард Соҳиб.
— Дар киностудия чӣ гум кардаам?
— То ба худ омадан дар дубляж иштирок бикунӣ...
— Ташаккур... Ман худҷўӣ бикунам, нахуст хешро дарёбам,
– бад расидагӣ барин гуфт Ромиз.
— Зиндагӣ кардан лозим ё не? Худҷўӣ! Худро гум накун буд, баъди гум кардан, наҷўй! – Ҷиддӣ гуфт Соҳиб.
— Чун филологи пивофурўш дипломро қабати кўрпаҳо гузорам?.. Ту нафаҳмӣ, Соҳиб, мо – гумшуда; худро бояд ҷўем... «Дар миён номардро ханҷар намеояд ба кор» мехонад-а? – овози ҳофизи радиоро шунида гуфт Ромиз.
— Дуруст хонад, – ҷавоб дод Соҳиб ва хоҳиш кард, ки не нагуфта, Ромиз ҳамроҳаш ба киностудия равад.
Барои он ки Ромиз ба ин гап розӣ шавад, қариб ним соати дигар роҳ гашта ва аз ҳар боб гуфтаю шунида то назди бинои киностудия расиданд. Ромиз ба хоҳиши Соҳиб зид набаромада ҳамроҳаш даромад: на барои он ки дар дубляж иштирок кунад, балки барои он ки Ромиз киностудияро яке аз ҷойҳое донад, ки дар он ҷо худро ҷустан мумкин аст. Ў донад, ки агар кас дар театр шўҳрати республикавӣ ёбад, дар кино шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтан аз эҳтимол дур нест.

пешина
аз 428
навбатӣ