Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хуб, домулло, як лимит ҳеҷ гап не, ман худам ба раиси комитет мегўям..
— Саломат бошед, миннатдор, – гуфта устод бархост, вале Ромиз сурхтар шуд, ки аз барои ў устоди мўътабар илтимосу илтиҷо мекунад. Ромиз як-ду қадам пас-пас рафт ва мисли устод бо раис даст дода хайрухуш накард, балки аз назди дар даст бар сари сина гузошта, хайр гуфта барои устод роҳ кушод ва худ низ аз дар баромад.
Баромад ў, вале аз муомилаю муносибати раис ҳайрон буд.
«Мухбири машҳур беҳуда нагуфтааст, ки бо роҳбарҳо шинухез кардан лозим. Дар деги калон бояд ҷўшид». Гўё маънии суханони ўро ҳазм карда худ ба худ гуфт Ромиз.
— Мана, ин кор ҳам шуд, – каме назди идора бозистода гуфт устод.
— Ташаккур, муаллим, – оҳиста гуфт Ромиз ва хайрухуш карданд, аммо он чизе ки Ромиз фикр мекард, нашуд, яъне устод дар бораи «Модарнома» чизе напурсид...

18

Ҳеҷ гоҳ Ромиз ин қадар хушнуд набуд. На барои он ки хона мегирад ва на барои он ки бо ин хел одамони хубу мўътабар дучор омад, балки бештар барои муносибату муомилаи ду каси пурэҳтиром, ки республикадорӣ мекунанд ва симои ин ду мард ба ў хуш омад. Бигузор ў хона нагирад, лекин чунин вохўрӣ Ромизро ҷаҳони нав кушод ва ў ин ду танро абадан дар дилу дида нигоҳ хоҳад дошт. Забони ширин мор барорад аз хафол. «Худат кистӣ, ки устоди бузург бо илтимос назди раиси республика равад?» аз худ пурсид ў ва китф дарҳам кашида монд, мазмун, ҳайрон буд ва ба савол ҷавобе ёфта наметавонист. Ва ҳамин қадар медонист, ки оқибаташ номаълум. Чун дил аз тараб лабрез аст, китфон бардошта шуда, сари синаро хавои беғубори зимистона баланд, шушро тоза ва замирро равшан кардааст, хост касеро бинад, ки баъзан дар ҳолатҳои гирифти табъ занги хотири ўро зудуда метавонад; касеро, ки ба қавли худи Ромиз, ўро аз нав зинда кардааст, аз нав ба зиндагӣ дилгарм кардааст, ҳамон каси дилоро, маҳфилоро, хушлиқо Ҷаҳонрроро. Ў истода-истода эътироф кунад, ки занҳои зебо, актрисаҳои дилрабо, духтарони хубчеҳру гуландом зиёд дидааст, вале мисли Ҷаҳоноро ситарагарм, хушнафас ва дилкашро дучор нашудааст. Шояд буданд, Ромиз надидааст.
Хоҳад, ки дастагули зебо пайдо карда барои ў барад, вале дар чунин айём аз куҷо пайдо карданро надонад. Гулхона ва дўконҳои гулфурўшӣ баста. Барф ояд пеши назар, барф садо диҳад зери пой.
Барфи дерсола, дар дили ў сахт гашта буд, об мешуд, сим-сим ва зарра-зарра об мешуд.

пешина
аз 428
навбатӣ