Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Як ҳалқаи марвориддори сесадсўма намерасад... Ромиз пай бурд, ки нигоҳашро Хола-муллои зирак дид ва ногумон чашм баргирифт: «Бибеш мурад» – барои он ки Ромиз шарм накунад Фарзонро бўсида дўстдорӣ кард. Ва Ромиз гумон кард, ки барак дар гулўяш дар монд.
— Гиред, писарам, – хаёли ўро парешон карданӣ шуд Холамулло.
— Сўзон будааст, Хола-мулло, лекин бомазза, дастатон дардро набинад..
— Дасти келин-мулло, – хандида гуфт Хола-мулло.
— Дасти шумо ҳам асалин, – шарик шуд пирамард.
Фарзон дар бағали Хола-мулло даступо мезад, қуввати бардорузан надошт, лекин ин чизро мехост ва мисли паррандае, ки барои шунидани овози ҳамҷинсаш якрўя шуда гўш диҳад, ором бозистода ва мижа назада, ба чизе бодиққат буд; ба садоҳо, ба ташвишҳо ва ба ҳаракатҳо, ҷунбидани даҳон бо содагиҳои тифлонаи худ диққат медод. Шояд ўро, олами ўро ин чизҳо муаммо ва нофаҳмиданӣ буданд.
— Баччем, йигит маъно тушбераро ана ин хел дуто-дуто ба даҳон меандозад, – гуфт пирамард ду дона баракро ба даҳон андохта ва сонӣ баракҳоро ба ду лунҷаш ҷо карда, ҷониби кўдак «ҳу-ҳум» гуфт.
Кўдак ҳазли ўро пай бурд, ки даҳон воз карда хандид. Ў чу модар сафед буд ва мисли падар қолаби даҳонаш калон. Ромиз ин чизро пай бурд ва дид, ки Фарзон ба худаш монанд; бигуморид хештан дарёфта, вале оне, ки ҳамеша пешопеш мегашт, гум шудааст. Ў даҳон пур кард, ки ҳамин чизро ба Мулло-амак гуфта, аз вай маслиҳат ва тадбир пурсад, вале худдорӣ кард; хандаовар, гапи баччагона: аз гуфтанаш кас шарм кунад; сонӣ ин гап овоза шуда равад, мардум фикр мекунанд, ки дар ҳақиқат Ромиз ақл бохтааст... Ҳар чӣ бошад, дар дилаш бошад, дар забони мардум наафтад, ки аз забонҳо ҷамъ овардани гап номумкин аст. Худро гум карда будааст; як бор худро гум карда, ҳазор раҳ ҷўяд, вале пайдо карда натавонад. Ягон-ягон, лаҳза-лаҳза пайдо кунад ва боз гум шавад; ҳамчун рустшавакони офтоби зери абр. Ў хаёл надорад, ки худро гум кардааст: «Он чӣ гум накардаӣ, маҷўй»
гўянд. Ромиз ҳаст, гумон мекунад, ки нест. Ў нест, пиндорад, ки ҳаст. Ў вуҷуд доштанро будан наҳисобад. Нафас гирифтану қомат рост карда гаштан будан нест, худшиносӣ ҳам нест. Ромиз худро шинохтан дошт ва дониста буд, ки чӣ қудрате дорад ва ба чӣ кор қодир аст, вале... Ҳа, дар ин миён корҳое, ки набояд мешуд, шуд, вале дар оянда чӣ шавад, бехабар набояд буд...
Ромиз худро дар мисраъҳои безаволи Рудакӣ ва дар қабою анбони ў дарёфт. Ва ҳар гоҳ қабои нав ба бар кардан хоҳад, хубтар ва зеботар бибояд... Рост, Ромиз дигаргуна шавад: заминӣ. Андаке дар қиёфаи Фарзон худро пайдо кард, бозхосту ниятҳояшро дар осори Рўдакӣ дарёфт, худро фаҳмаду корҳои шоистае кардан хоҳад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор