Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Шояд он вақт фаҳмад,
– Чанд вақт гузарад, рўзе ба ин кабинет медароед, ки каси дигар нишастааст, тамоман ба тарзи дигар.
— Чӣ! Моро ба ҳисоби мурд гузаронидӣ, бачча!? – як қад парида аз зери миз боло шуд ў.
— Ман бачча не, мардак... хона надошта бошам ҳам, соҳиби се кўдак...
— Ҳар кас аз дилу нияташ, ниятат нек мебуд, кайҳо...
— Агар шумо ба ман хона медода бошед, лозим не... Ман ба чизи баминнат эҳтиёҷ надорам.
— Ҳм... вая бин-э, тавба... Мо хона додему шумо ноз кардед.
Нависед, боз нависед, ки рафиқ Алиев ба ман хона намедиҳад...
Як чизи сахт ба сари Ромиз зад. На санг буд, на чўб буд ва на мушт. Як чиз, ки мисли токи электрик ба сараш зад. Ўро аввал карахт кард, маънии сухани Алиевро нафаҳмид. Нафаҳмид, ки чиро ва чаро нависад? Ба кӣ нависад ва ин ҳарф чӣ маънӣ дорад?
«Ин курсӣ аз сари бисёр касон монад...»
Ромиз баромад, вале нафаҳмид, ки барои чӣ Алиев ўро чеғ зада буд.
Вале Алиев баробари аз дар баромадани Ромиз боз ба курсӣ нишаста фурўтар рафт ва боз ба ҳамон сурате, ки Ромиз ўро дида буд, қарор гирифт. Дар асл ў андеша дошт, вале менамуд, ки роҳат мебарад. Дам мегирад, фароғат мекунад, ки ин ҷоҳу ҷалолро танҳо барои ў сохтаанд ва бояд ҳамин хел рафтор кунад. Як андешааш ҳамин. Андешаи дигараш: «Чаро Ромиз аз болои ман навиштааст?» Ин андеша аз куҷо пайдо шуд? Худаш донад, вале Ромизро торик. Муносибати Алиев бо ў аз чӣ сабаб чунин, надонад. Тахмин кунад, ки бояд касе ўро бад карда бошад... Алиев ба телефон даст бурд, вале дасташ нарасид. Хушаш наомад, ки аз зери миз боло лағжида гўшакро гирад, даст пас кашид...
...Ромиз тахмин кард, ки ҳоло ҳам Алиев ҳамон хел нишастааст. Вале надонад, ки пурғазаб ва ё бинӣ кобад. Ромиз донад ва гумон кунад, ки хуб нашуд; бори дуввум аст, ки дар ҳаёташ дағалӣ мекунад ва он ҳам бо рафиқ Алиев. Ҳатто вақти аз театр рафтанаш чунин корро накарда буд. Ҳа, боз як бор ба Саида садо баланд кард, ки он ҳам аз барои Ҷаҳоноро, дигар овоз баланд карданашро надонад.
— Чӣ шуд? – сигаретаро қуллоб кашида дуд баровардани Ромизро дида пурсид Қодир, вале Ромиз ҷавоб надод, на танҳо ҷавоб надод, балки аҳамият ҳам надод, гўё саволи ўро нашунид. Қодир боз пурсид ва боз. Аммо ин дафъа ҳам ҷавоб нашунид. Ромиз саволи батакрори ўро шунида буд: «Чӣ шуд?» Аммо барои чӣ бошад, ки дилаш раг зада ба ҷавоб додан забони дилаш нагашт.
– Сигаретро гиред – баҳонаи гап ҷуста хоҳиш кард Қодир. Ромиз боз нашунида ангошт ва аз дил гузаронд, ки агар Қодир ўро тела дода ва ё овоз баланд карда пурсад, сонӣ ҷавоб мегардонад, ки хаёлаш ба дигар тараф банд аст ва ҳарфи ўро, овози ўро нашунидааст ва ё гумон кардааст, ки ў ба дигар кас муроҷиат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор