Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Шумо сиҳат-саломат? – хеле пазмон ва интизори дидор буданро чунин ифода кард Ҷаҳоноро.
— Сиҳат-саломат, – каме тааҷҷуб карда ҷавоб дод Ромиз.
— Шуморо хобҳои ҳархела мебинам...
— Хоби зан чап...
— Не, ман аз он қабил занҳое нестам, ки хобашон чап барояд...
Хобҳои ман мардона.
— Ҳм-да-а... ҳис мекунам, – каме қадамашро суст карда андешаманд гуфт Ромиз. – Ин хел бошад, шумо фармоед, ман иҷро кунам.
— Ман фармоише надорам, ҳар қадар кор дошта бошам, худам мекунам, ман мард шудаам, – гўё ранҷида гуфт ў ва ноҷўрии хотири ўро пай бурда «Хайр, шуморо дидам, сиҳат-саломат будаед, шуд» гўён тез-тез қадам монда, нигоҳ накарда рафт.
«Хуб кардӣ, ки рафтӣ... Батар шуданаш ҳам мумкин буд. Мо бояд ки боз вохўрем. Бесухан, бебаҳсу талош рафтанат хуб аст.
Мо боз вомехўрем, ҳамдигарро мебинем, сўҳбат мекунем ва шояд баҳсу мунозира ва ё муноқиша ҳам шавад. Барои ҳамин аз якдигар ранҷидан маънӣ надорад... Лекин нафаҳмидам, ки кадоме аз мо ранҷида будем... Худат фармудӣ, ки биёям, аз чӣ ранҷидӣ?
Нафаҳмидам. «Ман мард шудаам» чӣ лозим буд ин ҳарф? Яъне, ту мард ҳастӣ ва ман номард ҳастам? Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? Иҷора нишастанам номардии ман аст? Ба хонаи Мулло-амак будани Фарзон? Ё боз...»
— Саида, мо бояд бикўчем, – аз дари ҳуҷра сар халонда гуфт Ромиз.
— Хонаи нав гирифтед?...
— Хона! Хона!... Дар ҳуҷра зиндагӣ карда намешавад?
— Мешавад, Ромиз, мешавад... Лекин...
— Агар ки шавад, мекўчем. Ту ба зодгоҳ меравӣ, ман ягон ҷо иҷора меёбам.
— Мулло-амак? Хола-мулло?
Ромиз баргашта ба ў сахт нигоҳ кард. Гўё аз чунин нигоҳ дили Саида фурў рафт, чунон фурў рафт, ки ба назараш аз ҷисм ҷудо шуда ба рўи хок афтод. Ба ҳар ҳол ў нахост, ки Ромиз ранҷад.
Аз нигоҳи ў пай бурд, ки шояд айби соҳибхонаҳо бошад. Ё касе чизе гуфта.
— Кор чӣ мешавад, Ромиз? Декрет тамом шуд...
3
Қодир қоматашро рост кард ва гўшаи чашми чапаш ба Ромиз,
аз дар баромад. «Чаро ин одам зуд-зуд ба кабинети мо медаромадагӣ шудааст? Барои Шафоат?»...Тирезаро кушод, ба кўча
нигарист, ба саҳн нигарист ва чашмаш ба Қодиру Нодир афтид, ки мегуфтанду механдиданд ва саҳл монда буд, ки рўи барф ғел зананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор