Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Кӣ навиштааст? – барқе ба сараш задагӣ барин пурсид Ромиз.
— Маълум не...
— Навиштан гиранд... – гуфт ў, вале фикраш ба дигар ҷо рафт:
«Ҳа-а, ана гап дар куҷо будааст...»
— Ту ҳамту мегўӣ-дия... Инсон анноӣ не...
— Не, дар ҳаққи инсон бад гуфтан хуб нест. – Андаке ўро паст фаровардан хост Ромиз.
— Ман ба ин махлуқи бофаҳм бовар надорам, ў ҳама корашро дониста кунад, бо мақсаде.
— Бигузор дониста кунад, ҳар чӣ кунад, ба худ кунад. Дониста кардан беҳтар аст аз надониста кардан. – Гўё ки Соҳиб бо супорише омада бошад, гап мекофт ва Ромиз ҳам ин чизро дониста сахт мегуфт ва зид мебаромад.
«Ман ба ҷои ту мебудам, дигар рў ба рў намешудам» аз дил гузаронд Ромиз, вале ин чизро гуфта натавониста, гапро дигар ҷо бурд:
— Хайр, шумо зинда бошед... ба сарамон мушкилие ояд, осон мекунед.
— Пул тею ҷўра хар, гуфтаанд, – гапи ўро рост қабул карда гуфт Соҳиб.
— Ҳамин хел... Шумо аз куҷо фаҳмидед, ин гапҳоро?
— Кадом гапҳоро?
— ...ки аз болои роҳбарамон навиштаанд.
— Ҳама медонанд, тамоми шаҳр медонад...
— Лекин ман бори аввал мешунавам, аммо бовар намекунам...
Ва кӣ навишта бошад?
— Гумонбар бисёр...
— ...аз ҷумла, ман...
— Инашро намедонам...
— Бо ман сагу пишак... Ман акнун сабаби талху пичингҳои ўро фаҳмидам..
Қодири ҷингиламў ва Нодири парзадарў даромада омаданд.
Ромизу Соҳиб ба лаб кулўх молида менишастанд. Вале онҳо аз нав ба пурсупос даромаданд. Хонаи ороме, ки танҳо ду нафар то алвақт паст-паст пурсугузор мекарданд, боз ба хандазор бадал шуд. Нодир ба Қодир менигаристу механдид ва лабонашро ба лабони кампирони бедандон монанд карда механдид, ки мисли себи пармуч мегашт. Вале Қодири пурдида ва аз макру ҳиял бохабар, муғамбир, ба ҳар гап «ҳа-ҳа» гуфта ва дигаронро шерак карда гап гирифтан мехост.
— Бародари азиз, мулло Соҳиб, дар ҷаҳон чӣ гапҳои нав? – мароқ зоҳир кард Қодир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор