Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳама гурбаи ошолуд, – афзуд ў, ки таҳайюри Ромизро пай бурда бошад. – Аз сари дегу табақ дур шудан нахоҳанд, гурбавор лаб лесида бо нами даҳон рўй шустанро нағз мебинанд; аз сари дегу табақ дур карданӣ шудӣ, ба рўят «вағ» мегўянд. Канӣ дар як ҷой сад сол кор куну даҳон накушода гард, ягон кас пишаки туро пишт мегўяд! Не, албатта...
Ромиз акнун баёни ўро фаҳмид. Ва агар гап аз хусуси ў равад, ин хел нашудааст, ки Ромиз дар корхона бади касеро хоста бошад.
— Ягон кас дар бораи ман чизе овард? – луб-лунда пурсид Ромиз.
— Не, ман барои мисол гуфтам...
— Бовар мекунед, ки ман ба ягон кас коре дошта бошам?..
— Ҳой, ман ин гапро ҳамту гуфтам, ба ҳурмати дидорат ягон даҳан гап шунида бошам...
Ромиз ба Мулло-амак бовар дорад, Мулло-амак ўро худӣ медонад, вагарна ин қадар саргузашт намегуфт, вале як чиз мондагӣ барин, Хола-мулло ҷангнома ҳикоят кунед, гўяд... Мулло-амак «э, мон!» гуфта даст меафшонад, вале ҳоло Ромиз ҳамин чизро хоҳад, аммо даҳонаш намеравад, ки пурсад.
Хамёза кашад ў, аҷиб, ки чанд вақт боз димедролу эуноктин ҳам хобашро намеоварад, ҳоло даҳон кушода, чашм мепўшад...
— Хобат омад? – пурсид Мулло-амак.
— Кошкӣ меомад.
— Хайр, рав хоб кун.
Ў ба ин ишора маҳтал буд, рафтан ҳам мехост, вале пештар, вақте ки Ҷаҳоноро бархеста буд; ҳоло дер шуд, то омадани Холамуллою Саида нигоҳ кардан мехоҳад.
9
Вале Ромиз ҳамаи гапу калоча ва буду шудро паси сар кард. Ў чашм пўшида, дамбадарун менишаст, гўё кори мағзи сарро бозмедошт, ки фикр карда натавонад, то лаҳзае бошад ҳам, орому осуда гардад. Дар бораи ҳеҷ чиз, ҳатто дар бораи Ҷаҳоноро ҳам фикр накунад. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам ў набояд як касро фаромўш кунад: Рўдакии бузургро, ки вақти боздоштани кори мағзи сар мисраъҳои шифобахши ў мисли ҷону равон дар ҳаракат меоянд.
Аз ин рў ў хуни майнаро боздошта натавонад. Хунаш ба туғён омада мисли мадди баҳр ўро аз ҷараён бурун андозад ва сари пурташвиши ў пурсавдотар гардад.
Ният таъсир бошад, ки сар кор накард. Гўё сар не, як кадуи холиро бардошта гаштааст; дард не, гап не, ҳарф не, фикр не, хаёл не, фақат як боди сард дар майнааш ҷо шудааст ва сайр мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор