Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Асри бист бояд дар ин шаҳр, ки боз пойтахт ҳам ном дорад, нақши худро гузошта бошад. Чунон ки асрҳои гузашта дар шаҳрҳои таърихӣ осори меъмории худро гузоштаанд.
Душанбе ҳам обод мешавад, чунон обод, ки аз таваллуди Одам то таваллуди республика ин сарзамин чунин ободиро надида буд.
Кӣ медонист, ки Душанбе ин қадар домон кашол мекунад? Кӣ медонист, ки дар кўчаҳои он ин қадар мошина мегардад. Тараққиёт!
Пешрафт! Вале ҳоло барои оянда ҳар қадар гўӣ, бовар мекунанд.
Мошинае месозанд, ки адабиёт меофарад, шеъру ҳикоя менависад.
Бале, шубҳае нест. Вале дар он шеъру ҳикоя дил ҳам мешавад?
Ва ё ҳама дедектив? Ин дарди сахт! На ҳар нависандае, ки менависад, дил дорад. Навиштан дигар, дил доштан дигар. Бале, дил доштан дигар, эҳсоси дилро кашф кардан дигар. Эҳсоси дилро кашф кардан дигар ва ба дили хонанда расида тавонистан дигар ва ғайра...
Мулло-амакро ғам гирифтааст. Ғами андак не, андўҳи кам не.
Кўҳ барин. «Хонаи заминакӣ сохта диҳад, ҳама шароит: газ, барқ, оби гарм, ҳаммом ва оббарою обпартояш бошад, меравам, набошад не», мегўяд. Ў намояндаҳои комиҷроияи шаҳр, горком ва боз идораҳои дахлдорро сил кард. Онҳо «марҳамат, аз куҷое хоҳед, аз кадом ошёнае хоҳед» мегўянд. Мулло-амак пойҳояшро нишон медиҳад. «Зинаҳои шуморо ба дандон газида бароям?» мегўяд.
– «Сил кардӣ, мўсафед, гўё ки як ту ҷанг рафта бошӣ!» – дар ҷавоб мешунавад ў. Беҳурматӣ! Тамоман беҳурматӣ! «Писарам, ту ду пои равон дорӣ, боз давлат ҳурмат карда ба таги пот мошин ва шофёр ҳам дода мондааст. Ба ман ин хел дод мезанӣ! Агар медонистам, ки ана дар ҳамин синну сол аз ту барин писари писарам ҳақорат мешунавам, поямро не, диламро тир занад буд...»
Ва то ҳол давр назадаанд. Балки ҳавлии пирамардро бо симтўр иҳота карда мондаанд ва гўё берун аз шаҳр барояш хонае месохтаанд, ки ту дидию ман надидам...
Ромиз дар ин бора ба Мулло-амак ягон даҳан гап намезанад, то аламаш тоза нашавад. Саида ҳам. Фақат Хола-мулло пирамардро тасалло медиҳад: «Ором шавед, мўйсафед, ҳамин қадараш гузашт, мондагиаш ҳам мегузарад». «Ҳа-а, мегузарад, лекин чӣ хел мегузарад.»
Нури Раҳмони бепо намехоҳад, ки ба ў талху пичинг зананд, ҳақорат кунанд, фармон диҳанд. Ў қадри худро донад, эҳтиромашро дошта тавонад. Лекин ба назари одамон, ки ўро ҳошо-калло хез гўянд, мўҳтарам набошад. Шояд баъзеи онҳо пеш аз ин номи ўро нашунида бошанд; чун корафтода шуданд, донистанд; бо ў чунон рафтор кунанд, ки бо Ромизу Хуршед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор