Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Ту дар ин чо чӣ кор мекунӣ?» ба гўши Ромиз овози собиқ мири шаҳр омад. Ва Ромиз сўи овоз рўй тофта касеро надид. Ва баъд ба худ гуфт, ки Мансуров ҳоло ҳам мири шаҳр мебуд, баробари ўро дар ин ҳавлии пирамард дидан ҳамин зайл мегуфт:
«Ҳо, муғамбир-э, донистӣ, ки ин ҷо вайрон мешавад, мурдаатро партофтӣ!».
«— Не, ман ҳеҷ чизро намедонистам. Аввал аз рўи зарурат ҳамин ҷо менишастам, баъд писари ин пирамард шудам...»
Барои Ромиз фикру андеша кам буд, ки боз ин чиз хотири ўро парешон кунад...
Ромиз дар фикри «Рўдакӣ» аст. Вале ростӣ, ғалмағалу доду фарёди коргарон, путккўбию шиббакуниҳои таҳкурсӣ шаборўз хотири ноороми ўро парешонтар гардонад, имконияти фикр кардан, тайёрӣ дидан надиҳад. Ў аз Рўдакӣ то шеърҳои шоирони имрўзаро писандад. Аз онҳо барои тасаллои дил байте, мисрае, иборае, образе ёфта такрор кунад. «Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ, хирадманде наёбӣ шодмона» хонад ў ва баъд «Дар ҳаҷви Султон Маҳмуди Ғазнавӣ»-ро хонда табассум кунад ва дубора зери лабу дандон ба гўши дилаш хонад:
«Аё Шоҳмаҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз худой!..» «...Зи кас гар натарсӣ, битарс аз худой!..Зи кас гар натарсӣ, битарс аз худой!..» Такрор кунад дили ў мисли кўдаки синфи аввал, ки нав аз забони устод ҳарф омўхта бошад.
Ромиз шеъри зиёд донад, аз ин рў худро хушбахт ҳисобад. Дар муошираҳо, мубоҳисаҳо, нўшбоди базмҳо шеърҳои азбаркарда сипар ва ҷавшани ҷонаш шаванд. Ёд орад, ки рўзҳои даҳаи адабиёт тоҷик дар Арманистон бо шоира Силва баҳс карданд ва аз ду канори давра бархоста, суруд, мусиқӣ, нўшбодҳоро пахш карда мисли ду паррандаи зебо рўёрў омада бо ифтихор сари сина баланд карда, ба шеъргўӣ даромаданд; шоираи номдори советӣ ба Ромиз тан дода, ўро бўсид, Ромиз не, Силва бўсид... Дирўзакак буд; хотира шудааст. Мазмун, суръати замон тез аст. Мардум фурсат ва сабру тоқат надоранд. Тез аз бар кунанд, зуд такрор кунанд ва тез фаромўш шавад. Вале барои Ромиз не, чунон хотирааш мустаҳкам, чунон зеҳнаш тез, ки шеърро як бор хонад, ёд шавад.
Вале ҳоло дигар хел: ташвиш зиёд, парешон. «Туро кӣ мондааст, ба режиссёрии телевизион?» аз худ пурсад. Ва баъд ҷавоб ёбад:
«Лозим буд, ҳоло лозим нест».
— Ба ман рухсат диҳед, – аризаро назди директор гузошт ў.
Вале директор ба ҷои ҷавоб, каме аз курсӣ ковок шуда, «Шинед, ба шумо ҷавоб-павоб нест, – гўяд. – Мо ҳамаашро санҷидем, фаҳмидем, медонем...»
— Хуб кардед, – алам тоза шуд Ромизро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор