Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале Ромиз намедонист, ки чӣ кор бикунад?
Ба ў гўяд, ки Маскав меравад ва баъди он корро сар мекунад ва ё гап назада равад, ё аз баҳри сафари Масков баромада ин корро пеш гирад? Намедонад; ҳайрон.
— Панҷоҳ сол гузаштааст, бояд бедор шавем, – гуфт ў ва Ромиз ба худ омада нафаси дароз кашид:
— Ҳа-а-а...
Сўҳбат кўтоҳ буд...
Ромиз мехост аввал Ҷаҳонорро ёфта ҳама гапро ба вай гўяд ва баъд Хуршедро дида фаҳмад, ки Қодиру Нодир чаро ин қадар аз паи ў дўғу даранг карда гаштаанд. Ў қадам боздошт ва қолаб гирифтагӣ барин рост истод. «Хуред гўшти якдигаратонро, ҷўраҳо!» Пурғазаб гуфт ў ва боз ба роҳ даромад. Рост ба «гулгашти Ҳофиз» омад ва ба таври худ раҳи ўро поид. Баъд қадам зада-қадам зада ба дарвозаи Ҷаҳоноро наздик шуд. Гўё дониста омад: Ҷаҳоноро як сатил об бароварда беруни дарвоза пош дод ва чашмаш ба Ромиз афтод. Сатилро даруни дарвоза гузошта наздаш омад. Остинҳои Ҷаҳоноро барзада буд. Соиди дастонаш банди ревоҷи таксангӣ барин сафед, тоза ва босафо буд. Вай дар чеҳраи Ромиз хушнудиеро пай бурд ва гоҳе ки аз барори корҳои ў огоҳ шуд, чунин фармуд:
— Ту бояд, ки аз хонаи ман ба Маскав биравӣ.
— Чӣ хел аз хонаи ту?
— Ҳамин хел... Бояд ки ман туро ба Маскав гусел кунам...
14
Ромиз надонист, ки аз куҷо ба Маскав равад. Аз хонаи Ҷаҳоноро ё аз ҳуҷраи деворпаридаи худаш. Бо вуҷуди он ки Ромиз ҳамроҳи Мулло-амакино буд, девори паридаи ҳуҷра ғаши ўро меовард. «Девори парида монанд ба гардани бурида» мегуфт...
Вай нома гирифт: «Як сари қадам ба телестудия биёед. Алиев».
Ромиз бепарво мактубро рўи миз партофт. Одатан ин хел рафтор намекард, балки мактубро рўи миз мегузошт, андеша мекард, ки баъди ин чӣ кор бикунад. Вале ҳоло вай ба Ромиз монанд не, балки аз кадом намоиш саҳна бозӣ карданист. Шояд чунин бошад, шояд беихтиёр карда бошад, шояд «актёрӣ» омўхтан хоҳад. На!
Ў фарди афсонавиро монад, на Ромизро. Аз худ бурун рафта. Як марди қайсар ва гарданшахе намуд, ки ба ягон кас ва ё ба ягон чиз итоат намекарда бошад. Ин рафтор дар дили ў буд, зоҳир нагашта буд, ҳолиё андаке рў зада, аммо ин чизро касе пай набурдааст ва касе надонад, ин чиз фақат ба худи ў маълум аст.
Ба назари Ромиз рўзи рафт тўл кашид; гўё ҳаргиз фаро намерасид, дигар ҳама корҳо тез гузаштанд, бо як шитоб ва хому норасида гузаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор