Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту барои мурдаи ман гиристӣ, Ромиз? – аз пеш баромада пурсид Ҷаҳоноро. Вале Ромиз ҷавоб дода натавонист. – А? Ромиз?
Барои ман гиристӣ?
— Кӣ гуфт? – хандида пурсид ў.
— Хоб дидам. Дар хоб ман мурдаму барои мурдаи ман ту мегирӣ.
— Шайтонча, – бо навозиш гуфт Ромиз.
— Рост, ҳамин хел.
— Хоби зан чап...
Ҷаҳоноро пай бурд, ки Ромиз ба сўҳбати пешин ишора кунад, ки ў «ман аз он хел занхое нестам, ки хобашон чап барояд» гуфта буд.
Ҳаво торик мешуд, чароғхои сари симчўбҳо, ки каҷаккосаашон сарозер меистоданд, памидор барин сурх шуданд, гўё шишаҳояшон хунук, то якбора нашиканад, касе «пилтаи» онро баланд намекард. Дили Ромиз аз чунин равшанӣ гурехтан хост, Ҷаҳонороро гирифта, ба кадом гўшаи танҳо бурданӣ шуд. «Аҳ, ҳамин вакт мошин мебуд».
— Чӣ? – гўё садои дили ўро шунида пурсид Ҷаҳоноро.
— Шаҳр чунон хурд, ки ҷои рафт надорад, – ҷавоб дод Ромиз, вале фаромўш кард, ки шаҳр се ноҳияи атрофро танг карда, доман фарох гардонад. – Не, хурд нею... ҷои рафт надорад.
— Рафтем, ба хонаи мо, – якбора хоҳиш кард Ҷаҳоноро.
— Хуб нест, – рад кард Ромиз ва каме истода дилаш ғул ғула кард, ки пурсид: – Кӣ ҳаст?
— Баччаҳо...
— Не, хуб нест, – қатъӣ гуфт Ромиз ва дар паноҳи кокулони маҷнунбеди гулгашт даст ёзонда, ба гардани Ҷаҳоноро ҳалқа гардонда, ба сари синаи баландаш пахш кард ва пай бурд, ки тани Ҷаҳоноро ларзид, баданашро фарошо гирифт, гўё ў духтаре буд, ки бори аввал дасти мардина ба баданаш расид. Ин ҳолати ў чунон ба Ромиз хуш омад, ки сари ўро ба мағзи дил ҷо мекардагӣ барин фишурдан гирифт...Човандозҳо аспи хубро дўст доранд ва занҳо марди асилро.


Касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст ояд, касеро бахт
бархандад, барор андар барор ояд. Ромиз шикасташро дид, акнун
навбати барораш: Ромиз моноспектаклро ба супурдан тайёр карда
буд, кинорежиссёр фарёдаш карда фармуд, ки тайёриро зўр бинад,
Рустами Дастон мешавад. Ромиз чӣ гуфтанашро надонист, ба ҷои
ташаккур дилаш сахт-сахт зад. Режиссёри пуркору пурдида ин ҳолати ўро пай бурд.

пешина
аз 428
навбатӣ