Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

ЛОИҚНОМА
(Ёднома)
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигў, Лоиқ видоат карду рафт!
Лоиқ
Ва он субҳи фиребо, гоҳе ки Хуршед аз бурҷи Шер сўйи бурҷи Хўша майл мекард, касе шишайи тирезайи хонайи хоби маро нохун зад. Чашмпўшидайи дилбедор будам. Чашм кушода зери пардайи хокистарийи сапедадам пушти тиреза ангорайи шиносу ношиносро дидам ва баробари сурфиданам садойи ошно омад: «Амакҷон, ин ман, Ҷамшед!» Ва беихтиёр «ўҳ» гуфтам ва аз дилам гузашт: «Ё дар хонадони Лоиқ рухдоде шуд ва ё дар хонадони ман...» Вагарна Ҷамшед чунин новақт наомада буд. Зеро дар манзили падарийи ман, ки дар рустост ва хатти телефон надорад, агар дар Душанбе воқеъае шуда, ба Ҷамшеди шаҳрнишин занг зада гуфтаанд. Ҳоҷати андешайи зиёд нест. Тозон бадар омадам. Зери пардайи сапедадам дидам, ки сиришк ҳалқа зада чашмони писари бузурги Лоиқро.
Ва гиря гулўгир аст; сухан гуфта наметавонад:
— Амакҷон, додом...
— А? – нашунида гирифта пурсу таъкид кардам.
— Фишори хуни додом баланд шудаст, таъйин кардаанд, ки ҳамроҳи шумову амаки Қорӣ Шариф равем...– гуфт Ҷамшед ва афзуд: – Комронҷон ҳам тилфон карда чунин гуфтанд.
— Рост бигў, пинҳон макун...
— Рост, амакҷон... Ҳоло дар бемористон будаанд...
Аз дилам гузашт: «Ҷамшед рост мегўяд; агар коре мешуд, хоҳарони Лоиқро низ талаб мекарданд... Ё бозийи дигар аст...»
— Ман рафта амаки Қорӣ Шарифро пайдо карда сари роҳи Мазор меистем, шумо биёед, ба роҳ медароем...
Ҷамшед писарбузурги Лоиқ ба мошини ҷўрааш нишаста бирафт ва гургон даруни синаву дили маро чангу ханҷол мезаданд: «Чизе ҳаст, балое ҳаст, қазое ҳаст. Зеро чиҳилу шаш сол боз мо по ба по гом мезанему мешинему мехезем; тўю азову луқмаву рўзиамон бо ҳам аст. Ва мани дардошно, ғамшарик, ҳамроз, ҳамшодӣ, ҳамроҳ, ҳамкоса, ҳамсухан, ҷондор, ҷонгарав... дар ҳеҷ ҳолат ўро танҳо намегузоштам, ҳолиё танҳо монда, ба Панҷакат омадам. На, ўро танҳо нагузоштаам, балки хоҳиши худи ў буд: «Мо ҳамроҳи Фарҳод ба Алмаато меравем ва аз он ҷо ба Панҷакат меоем, шумо он ҷо бошед, чанд рўз фароғат хоҳем кард.» Ман нигарон будам чунин пазиройиро. Аммо ваъдахилофӣ шуд. Лоиқ сўйи ман наомада боз маро сўяш хонд.
Бовар намекунам... Бовар намекунам, Лоиқи тановару тавоно, хушҳол ва зиндадилу дилогоҳ бо чунин нотавониву бемадорӣ якбора аз пой афтода андар бистари беморӣ хуфта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор