Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На, ў тан нахоҳад дод дарду маризиву бемориро.
Вале вазъ нохуб, ҳама гуна номардӣ, пастӣ ва ноҷавонмардӣ зудтар аз аҷал мерасад. Ва ҳоло чунин нокасон пештар аз Азройил пеши назарам меоянд ва ман зери дарахтони азими ҷавзу тут фишурдатан мемонам ва ақлу ҳушам нобарҷост, наметавонам чорае андешам. Аз зина боло – зери айвон хариду бозорийи дўшина, ки ба хотири маргрўзи падарам овардаам ва ин рўз – 22 июни соли 2000-умин ёдбуди қиблагоҳро бояд бигузаронам... Миёни обу оташ мондам. Ба Ҷамшед ваъда додам, ки меравем, ба табору пайвандон гуфтам, ки маргрўзи падарро ёд мекунем. Шоҳини мизонро медорам, ки кадом кафи тарозу гаронтар аст: маргрўзи падар ва маризийи бародар... ё...
— Хиромон! – фарёд задам духтари панҷумамро, ки ҳоло дар манзили бобойӣ чароғи хонадони падарам Ҳамройи Қодирро фурўзон медорад.
— Лаббай, дадаҷон!
— Ман Душанбе меравам...
— Фаҳмидам, дадаҷон... Магар...
— На. Нотоб шудаанд...Амакаш нотоб шудаанд...
— Нотоб не, дадаҷон... Ман хоб дидам, ки ҳамроҳи Олимпуру Латифӣ...
— Магў! Ту медонӣ, ки амакаш чилу шаш сол ҳамроҳи ман буданд, – сарзаниш кардам хобашу худашро ва ў чу мусича чашмак заду хомўш монд рў ба рўйи ман. Ҳарчанд медонистам, ки ў на танҳо дар хоб, балки дар бедориаш ҳам баъзе воқеаҳоро мебинад, ба тасаллийи дили ўву дили худам чунин гуфтам ва баройи хоби мағшушро аз сар дур кардан фармудам: – Пирони деҳ ва хешу таборро пайк фирист ва ёдбуди маргрўзи бобошро гузарон...
Ва чашмам ба суфайи паҳлўйи дарахти чаҳормағзи азим меафтад. Оне бозистода ба танайи тавонойи чаҳормағз менигарам ва ёдам аз танҳойи тавонову тановар дарак медиҳад, ки гоҳ-гоҳ такя бар ин сутуни табиат мезаданд. Ва чаро ҳар бор ки ин танайи бенуқсро бинам, пеши чашмам тани зўру рўйини Лоиқ меояд ва ҳар бор ки Лоиқро дида оғўшкаш вохўрӣ кунем, тани ин дарахтро ёд мекунам. Шояд аз он буд, ки ҳар бор Лоиқ ба Панҷакат ояд ё ҳамроҳ биёем, падарамро, падари оҷизамро такязада бар ин танайи пурзўр медид ва баъди даст дароз карда вохўрӣ кардан ба овози баланд мегуфт:
— Ман Лоиқ!
— Лоиқ?
— Лоиқ!
— Ҳа-а-а... Нағз ҳастӣ? Шералиро гўрондӣ...
— Ҳа.

пешина
аз 428
навбатӣ