Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гардон мошината. Ман дарёфтам муроди шуморо:
Лоиқ, Лоиқи сарсахт, ки умраша ба хотири миллату халқу ватан гузаронд, дар ин ҷамъомади ҳамдиёриҳо лозим нест; ба касе халал мерасонад. Охир ман чӣ халал мерасонам? Курсӣ нахоҳам, инъом нахоҳам, ҳадя чашмдор набошам... Эй бадгумонҳо! Эй кавданҳо!
1 Эй ҳамватанҳо! Қаҳ-қаҳ!
Бародарбузург Қоришариф ва писарбузурги Лоиқ Ҷамшед ситода андар сари шоҳроҳ. Зери каши Қоришариф яктаҳи печонда буд. Ҳайрон мондам чунин ҳолро дида. Зеро бародар костюм дошт дар бар ва дар чунин ҳавойи гарм бори гарон буд яктаҳ. Аммо расми мардуми мост, ки дар мавридҳо ҷомаву ҷелак пўшанд. Дилам фурў рафт аз чунин ҳол: «Коре шуда бо Лоиқ, пинҳон аз ман медоранд, мабод! Парвардигоро! Мабод чунин рўз!»
Мошинро боздоштам, оғўш ба вохўрӣ кушодам. Сари забонам меомад, ки «чаро яктаҳ гирифтед?» гўям, забонам намегашт.
Лекин дар андоми Шариф андўҳ буду мотам на. Андар чашмони Ҷамшед осори сиришки субҳина буд. Мо ба чашмони якдигар менигаристем, пурсро намеёристем.
— Ба хайр, ако! – гўё ҷуръат кардам.
— Ба хайр бод! – паст садо кард Шариф.
Ва дигар мўҳри хомўшӣ ба лаб задем. Садойи матори мошин баланд шуд. Гўё водиро фаро гирифт ва мо хомўштар аз ҳама чиз будем. Аммо медонистам, ки чунин хомўшӣ дилҳоро метарконад.
Дар сару дили ба танг омадайи мо ҳарф буд: «Лоиқ». Ва маънийи зиёд дошт; Лоиқ дар замони мо ҳама кас ва ҳама чиз буд; ҳатто академикҳо баройи маънийи ин ё он байт, таркибу ибора ва ё калимаро фаҳмидан ба ў рў меоварданд. Номбар намекунам. Шояд рўзе худи онҳо дар омади сухан ё хотироташон ин чизҳоро гўянд.
Ҷойи шарм надорад, ҷавонмардӣ дорад.
Дар паҳлўйи рост даштҳойи Мазори Шариф, баъзе биноҳо, бурсзори мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро, кўҳи Чилмеҳроб ва ангурзор метобад.
«Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хўшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хўша пур, аз домани саҳро гузашт.»
Бале, дар он ёлаҳо, дар он ёнаҳо, дар он адиру бармолаҳо,
сар-сари сангҳойи нўгтез бараҳнапо, андар канори обҳову лаби
чашмаҳо нимсеру нимгурусна, дар резу талоқҳо бахуду бехуд,
андар гўристони сарсабзу беназири деҳа; аз паси барраву бузғо-
- Давоми воқеаро аз мақолайи Абдумаҷид Достиев бихонед: рўзномайи «Садои мардум», августи 2000.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор