Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Бале, махсусан касоне, ки ин маъракаро ташкил кардаанд.
Атохўҷа ҳайрон монд. Аҳмадҷон чизе намегуфт, фақат гўш медод. Атохўҷа гуфт: «Баройи чунин корро кардан, ба қавли худи устод «кавдан» бояд буд» ва пурсид:
— Чӣ мушкилоте дорад ин кор?
— Масъаларо ба устод фаҳмонидан лозим, вале касе ҷуръат карда ин чизро гуфта наметавонад.
— Мушкилот ҳамин бошад, ман мефаҳмонам ба устод.
Ҳар кадом ба мошинҳо нишаста рафтанд. Касоне низ, ки Лоиқро зорӣ карда оварда буданд. Лоиқ танҳо монд. Атохўҷа назди ў омад ва ба рафтан даъват кард, лек нияти мардуми ҳангомахоҳро ба шоир гуфта натавонист. Аммо Лоиқ косайи зери нимкосаро пай бурд.
— Атохўҷа, як навъ ноҷўрие ҳаст миёни мардум ва аз гуфтор то рафтори калоншавандаҳойи шаҳр.
— Устод, рост гўям ё дурўғ?
— Росташро бигўй. Ман медонам, ки ту дурўғ намегўйӣ.
— Ба мошин шинем...
Нишастанд ба мошин ва равон шуд чаҳорчарха. Атохўҷа фармуд:
— Агар росташро гўям, ин вохўрӣ аслан баройи Сафаралӣ Кенҷаев ташкил шуда буд. Чун «оши оштӣ» вусъат ёфт, хостанд дойирайи маърака низ бузург шавад. Аз ин рў ба шумо низ занг задаанд.
— Дуруст, лекин бигўй, ки чаро як муҳити гирифта, ҳама дар тарсу ларз, касе бо ман муомилайи хуб кардан намехоҳад? Ин чӣ гуна «оши оштӣ?»
— Оши оштӣ бо дигарон.
— Бо ман оши ҷангӣ?
— Не, устод! Ҳама чашмдор буданд, ки Сангак Сафаров меояд, ў наомад, олуғда шуданд... – Атохўҷа медонист, ки масъала чунин нест, аммо баройи дили устод чунин бофт.
— Намефаҳмам...
— Хайр, ҳаст-дия дар ҳама ҷо ду-се хуносо, вазифахоҳ... Онҳо гумон доранд, ки шумо омадед ба ташкилиашон халал мерасонед; шуморо пеш мегузоранд, бисёриҳо паси парда мемонанд.
«— Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.» – гуфта устод сахт хандид. – Ёфтам-а? Инҳо намефаҳманд, намефаҳманд, ки...
Не, намегўям... Ба ман ҳеҷ чиз лозим не. Омаданӣ ҳам набудам.
Лекин худашон занг зада хоҳиш карданд. Омадам. Ба назарам, доҳияшон мурда ва онҳо азо доранд.
— Ин хел не, устод. Меравем, мебинед.
— Ман ба хотири халқ омадам. Чӣ, ман Сафаралиро надидаам? Омадам, ки якҷоя тасмиму қарор кунем баройи якпорчагийи миллат, ватан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор