Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лоиқ: — Аз рубойиҳойи халқӣ?
Ҳалима: — Маро аз кор пеш мекунанд!
Лоиқ: — Нағз-ку, боз ба театр рафта артистка мешавед!
Ҳалима: — Ҳазлотона монед, хушрў хонед. Овозатон бақувват.
Лоиқ: — Худам... – месурфад ва ба духтараки лоғарандоми наҳифпайкар ва сапедрўйи маҳиновоз менигарад: – А?
Духтарак китф дарҳам мекашад.
Ҳалима: — Лоиқҷон, ба дасти ман нигоҳ кунед! Ҳамин ки «рафтем» гуфта даст афшондам, хонед.
Лоиқ: — Куҷо?
Ҳалима: — Рафтем.
Лоиқ: — Куҷо?
Ҳалима: — Лоиқҷон! Дер мешавад. Дигарон низ бояд сабт кунанд.
Лоиқ: — Агар ту дилбарӣ, ман дилрабоям, Агар ту нуқрайӣ, ман соф тилоям, Агар ту духтариву шармат ояд,
Ишорат кун, ки ман пешат биёям.

Ҳалима: — Лоиқҷон! Ин чиз дар матн нест — ку?!
Лоиқ: — Халқӣ!
Ҳалима: — Не-не, аз матн дур наравед.
Лоиқ: — Агар чунин, каси дигар бояд бихонад ин матнро!
Духтарак: — Ман бо шумо хонданӣ будам.
Лоиқ: — Шумо таронаҳойи ҳиндӣ бихонед, овозатон хеле мувофиқ.
Духтарак: — Ин қадар дағал...
Лоиқ: — Он қадар нозук.
Духтарак ҳайрон менигарад ба Лоиқ: «Чӣ касе? Намефаҳмӣ,
ҳазл мекунад ва ё ҷиддӣ мегўяд.» Лоиқ ҳайрати ўро дарёфта, шўхиомез мефармояд:
— Боз ба ман занг назанед, ки овозатонро ойтиҳо мешиносанд.
— Шумо сиҳатед?
— То шуморо дидан сиҳат будам...
Духтарак механдад ва меафзояд:
— Одамон дурўғ намегуфтаанд.
— Бале, одамон рост ҳам намегўянд.
— Шумо дар мактаби сухан хондаед...
Коргардон Насибулина пеши роҳи Лоиқро мегирад:
— Лоиқҷон, ман ба умед ин духтарро овардам, ки ҳамроҳи шумо рубойӣ хонад.
— Ба духтар фаҳмонед, ки Лоиқ туро ноумед намекунад...
Лекин дар куҷо дидаед, ки зоғ бо булбул якҷоя сурўда бошад?
— Хайр, майлатон... Лекин хубтарашро пайдо намекунед...

пешина
аз 428
навбатӣ