Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Лаббай! – гўшакро бардошта посух медиҳад Иноятхон ба занг ва якбора базавқ механдад: – Ҳа. Ҳардуяшон... Дегчапаловро танҳо-танҳо хўретон, мо лаб лесида шинем... Зери по ях намебуд, мерафтем.
Маълум набуд, ки боз Фазлиддин чӣ гуфтанд ва якбора садойи Иноятхон дигар шуда чеҳраашон тағйир ёфт. Ва сўйи ман нигаристанд.
— А-а-а... Ин «хамўши садзабон» хаппак ҳам будааст. Мо намедонем. Лоиқҷон, чӣ хап мешинед? Имрўз 27 январ будастку. Чаро ҷим?
— Ин додараки шумо ҳама вақт ҳамин хел; ҳангомаро дўст надорад.
— Фазлиддинҷон! Шумо дар куҷо? Меоем, – гуфт Иноятхон ва ба Лоиқ рў овард: – Айби Сорбон не, айби мо. Ё рўзгор аз ибтидо ҳамин хел сохта шудааст ва ё мо рўзгордорӣ карда наметавонем.
Шумо ҳам, Лоиқҷон, ман ҳам ва ягон кас гуфта наметавонад, имрўз зодрўзи ман, ину он шавад. Хоса Сорбон, ки ба ҳаққи худашро гуфта гирифтан рўш дуд мекунад. Бисёр хислатҳойи ин бачча ба ман маъқул, лекин ҳар чиз ҳадд дорад. Рафтем? – якбора бархост Иноят ва Истадхон гардан ёзида ба гўши ў чизе гуфт. Иноят «ҳаҳа» гўён говсандуқро кушода чизе гирифт ва сар ҷунбонд худ ба худ, пасон афзуд: – Беҳтарин айёми умр сисолагӣ.
— Агар ҳаррўза барин баройи дегчапалов раветон, меравам, ҳангома бошад, намеравам, – гуфтам.
— Рафтем-рафтем, – Истадхон аз бозуям дошта ва «муборак»
гўён бўсида пешандоз бурдандам.
Дар назди бинойи якошёнайи Иттифоқи нависандагон устод Фазлиддин моро нигарон буданд. Аз сармо ҳаври димоғашон фаввора мезад. Дастпўши сиёҳи чармиро ангушт-ангушт кашида хандон пеш омаданд ва оғўш кушода маро канор гирифтанд. Аз рўйи одати фармудаву омўхтайи устод Боқӣ Раҳимзода якдигарро бўсидем. Пас бо дигарон вохўрӣ карданд.
— Ташаккур, Фазлиддинҷон, мо намедонистем, ки имрўз рўзи Сорбон, – фармуданд Иноятхон.
— Укем-а, чӣ хел дар ёд намемонад.
— Пиёда меравем? – пурсиданд Истадхони резақадам, одами надида аз гашти он кас гумон мекунад, ки ҳаргиз ба манзил намерасида бошанд.
— Пиёда равем, ойтиҷон, яхча зери поямон ғарч... ғарч кунад.
– хушгўйӣ карданд Фазлиддин.
Ва ғарч-ғарч мекард яхчайи роҳи пиёдагарди миёни ду шоҳроҳ зери пой ва барфпўш буд ҳама ҷо ва барфи зери чархи мошинҳо аз таъсири намак нарм гашта ва ҷо-ҷо ҷўя баста буд. Аввал чанд муддат хомўш рафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор