Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Мазмун, ҳар кас дар сар андешае дошт.
Андешайи ман андешайи устоди донишгоҳамон Шарифҷон Ҳусейнзода буд: «Шеъргунае ва ё ҳикояе чоп мекунонанд ва ҳар рўз хиёбони серодамро гардиш мекунанд, ки ҳайкали маро дар куҷо мегузошта бошанд?» Ғарази устод бе донишу фарҳанг шоирӣ пеша кардани баъзе нозимон буд, ки «пахта, пахта, ҷон пахта»-ро шеър медонистанд.
— Ойтӣ, эҳтиёт шавед!
— Лоиқҷон, доред! – хитоб мекарданд Истадхони кабкхиром ва кушода мешуд фазойи сухан. Рафтем то тарабхонайи «Душанбе»
ва баҳона пайдо шуд баройи гуфтану нўшидан:
— Баройи Иноятхону Истадхон якқумӣ гирем, – сухан карданд Фазлиддин. – Шумо заршиносед. Вагарна Лоиқу Сорбон барин ҷавононро ба кор намегирифтед.
— Фазлиддинҷон, шарҳи ҳоли маро хубтар аз шумо касе намедонад, – гуфта Иноятхон ғамӣ гаштанд. Фазлиддин баройи рўҳи он касро бардоштан фармуданд:
— Шавад, ки ҳама мардон чун шумо мард бошанд. Хубтар аз ман қиссайи рўзгори шуморо касе намедонад, вале ҳоло мехоҳем қиссаҳойи Сорбонро дониста бошем. Иноятхон, шумо алҳол роҳбару раҳнамойи ин ҷавонон ҳастед, сухан аз шумо.
Пиндоштам Инахон ҳолиё боз аз Толис ёд мекунад ва чун ибрат қисмати ўро мегўяд; оби дидааш шашқатор мерезад чунонки дар идора гуфта мегиряд ва бахти баду рўзи сахти хешро такроран қисса мекунад ва Фазлиддин он рўзи ногуфтаниро ёд оварда...
Пасон ҳама ба ором кардани ў машғул мешавем ва айшамон талх мегардад. Вале овози Иноятхон наларзида ба сухан даромад:
— Сорбонро Лоиқ тавсия карданд, ки ба кор гирем, баччайи хуб. Маълум шуд, ки баччайи хуб. Ба ҳар масъала диққат медиҳад, нигарон меистад. Хулосаашро намегўяд. «Худатон дарёбед. Хулоса бароред!» мегўяд.
— Ман Сорбонро дўст медорам, укем. Бозеш ҳам дигар, навиштаҳояш ҳам дигар. Мо то ҳол намедонистем, ки аз навишта бўйи деҳа, бўйи гулу гиёҳ, бўйи бедаву дарав ва хирману дона ояд. Навишти хос, услуби хос дорад...
— Баройи ҳамин якта гирад-а, устод?
— Лоиқҷон, худаш якта одами вайрон нашуда, ҳамина монетон... – Рост буд ё киноя, ки Истадхон гуфтанд.
— Бачча насиҳат гирифтагӣ, монед. – гуфтаашро ислоҳ карданӣ шуд Лоиқ.
— Яъне?
— Худаш гўяд, – ба ман ишора кард Лоиқ.
Ман дар ҳолати нобоб мондам. Чӣ хел тавонам хешро сафед кардан. Ва гулў равшан кардам, ки месурўда бошам. Ва Лоиқ ба устод ва апаҳо менигарист, ки гўш кунед, ҳозир месарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор