Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

ва онҳо «Ман накунам, кӣ мекунад?» гуфта, кулоҳро каҷ гузоштанд.
Нафаре аз чунинон ҳамсояйи мо буд. Агар дар хонааш чор нафар ҷамъ шаванд, тирезаҳоро воз мекард ва нўшбод мегуфтанд: дар борайи партия, котиби генералӣ ва котиби аввали ҳизби коммунистӣ қадаҳ мебардоштанд. Ман саҳни ҳавлийи иморати тахтагини дуошёна, ки хонайи адибон ва артистон ном дошт, қадам зада мешунидам нўшбоди ононро ва ҳайрон мемондам, ки ин нишасти хонагийи онҳо ё зодрўзи яке аз онҳо чӣ нисбате дорад ба ҳизби коммунистӣ, ё котиби кул ва котиби аввал... Содагиҳойи зиёд доштам: хаёлам ҳама чиз худ аз худ меомада бошад; масалан ман асар менависам ва онро хонда баҳо медиҳанд, қадр мекунанд ва унвон ва рутба ва мукофот аз рўйи асари офарида ва амали карда меояд; ҳайҳот, дунё аз аввал як хел офарида шуда будааст, аммо одамон ҳархела. Ҳанўз ҳам мани сода бар онам, ки будам; мепиндоштам ва мехоҳам ончунон бошад.
Ва он ҳамсоя шабе новақт омад. Ман аз сари мошинкайи чоп хеста ҳавохўрӣ баромадам қадди кўчайи Орҷоникидзе. Қадам мезадам. Ҳамсоя калавида омад. Дуди сигораш ҳавойи кўчаро вайрон карда, рост сўйи ман меомад. Ман бо кафи даст бод дода дудро дур ронданӣ мешудам ва пурсидам:
— Ин қадар дер, ако?
— Ҳозир Бюро тамом шуд. – гуфт ва афзуд: – Қисмати Лоиқ ҳал шуд. Ҳамту доштам. – Миёни мушт сигарети дудсўз, даст ҷониби бинойи КМ бурда нишон дод ва мақсадро равшан кард:
Лоиқро ҳамту мепарронданд, ки доштам.
— Кӣ мепарронд?
— Кӣ мепарронд? Дар замони мо роҳбар якта, пешво якта зиндаву ҷовид як нафар... «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд»
гуфтас. Ўй, ба ҷўретон фаҳмонед, худам ҳам мегўям: зиндаву ҷовид фақат Ленин, Владимир Илич. Дигар ҳама миранда. Як мағал шуд, як дабдаба шуд... Одамойи моя медонед-ку, салла биёр, гўянд, калла меоранд. Охир Лоиқ ҳам дорад-дия... Мактаби комсомолу партияро нагузаштагӣ. Шумо он ҷо мешудед, медидед... Ҳамту доштам: «Кия? Лоиқа?» гуфта пурсидам. Ана ҳамту писталет рост шуда буд... Дар пешонӣ...
— Пагоҳ аз худаш мепурсам, ки чӣ хел шуд.
— Вай аз куҷо медонад? Ман медонам.
— Чӣ хел? Таппонча ба пешониаш...
— Не. Ҳамту рост карданд. Ман намондам. Кия? Лоиқа? Гуфтам.
— Баройи чӣ?
— Баччаҳо дипломатияро намедонанд-дия. Охир ту чӣ хел мегўйӣ, ки... чӣ хел мегўйӣ, ки... Вай шеъраш чӣ хел буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор