Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба дўшам дўшбори ин замонро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд...»
— Ана. Аз кӣ мегирӣ қасос? Ҳамин хел гапҳо чӣ лозим? Шеърата навиштан гир.
— Ҳамин гуфтааш шеър-ку?
— Неъ! Неъ! Ин шеър неъ. Ин иғво. Партия ҳама чизро мефаҳмад, ҳама чизро медонад, ҳама корро мекунад. Шумо ҳам эҳтиёт шавед.
— Афсўс, тилфон надорам, вагарна ба Лоиқ занг зада мегуфтам.
— Неъ! Нагўед. Худаш мефаҳмад.
— То саҳар медонед, чӣ корҳо мешавад? Шаҳр овоза мешавад,
ки имшаб Лоиқро паррондаанд. Ва нафаре пайдо шуда таппончаро аз дасти мерган зада афтондааст. Албатта номи шуморо мегиранд.
— Неъ! Неъ! Ҳамту доштам. «Кия? Лоиқа?» гуфтам... Мо бояд
аз партия ва котиби якум миннатдор бошем. Вагарна... Ҳамту доштам...
— Дароем акнун...
— Ягон чиз ҳаст? Ҳа, ту наменўшӣ-а?
Ва мани ба ҳизбу табақаву гурўҳҳо бегона фаҳмидам, ки зиндагӣ чашмбандӣ будааст. Гоҳе ки пули ларзон шикасту саворонаш ба об афтоданд: гоҳе ки бозсозӣ шуд, гуфта аксар билети ҳизбиро супурданду дарронданду сўхтанд, донистам, ки ҳама чиз, ҳама кас, ҳама муносибатҳо, муомилаҳо, муоширатҳо, муболиғаҳо, хушомаду лофу газоф амонат будааст чун одам; бори амонат будааст, ки «осмон натавонист кашид».
«Буд, набуд.» Ҳама даврони Шўро дар ҳамин якуним ҳиҷо ифода меёфт. Лоиқ дар ҳамин якуним ҳиҷо ҷой дошт.
— Дар ҳамин талоқ ҳам Лоиқ аз марг раҳида буд. – андешайи маро пароканда аз он замон ба Талоқи Марзич оварданд Қоришариф. Ҷойи хуб нест. Як деҳа одамонро зери санг оварда буд, сер нашуд, ки Лоиқро ҳам ба садама дучор кард.
— Ёдам ҳаст, ако.
— Не. Шумо шунидаед. Ман дидаам. Вақте ба ман расид, ки Лоиқ дар Талоқи Марзич ба садама дучор шудааст, ҳолати ҳозира дар сарам буд. Ба модарам нафаҳмонида, мошинамро савор шуда омадам ва ўро дар изтироб дарёфта, ором кардам ва шукр ба худо овардам, ки ҳама сиҳат ва саломатанд. Ду духтари ў Сабову Мумтоз ва духтари ман Майсара ва занаш Зебунисо сиҳат ва саломат буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор