Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале мошин абгор гашта. «Камаз» қаҳрамон барин қомат боло медошт. Ва ронандааш ҳақиру бечора метофт.
Нозири роҳ Тошев дўғу даранг мекард ба ў ва ҳуҷҷати ронандагиро гирифта буд. Лоиқ аз омадани ман шод гашт ва шаҳодатномайи ронандаро аз дасти нозири роҳ гирифт, ки бинад ва ба нозир надода, ба соҳибаш дароз кард ва гуфт, ки дар Душанбе во мехўранд. Ҳарчанд Тошев гуфт, ки мумкин не чунин рафтор кардан, Лоиқ фармуд, ки мумкин...
Ако хомўш монданд ва чӣ андеша доштанд, намедонам. Ман низ чандин маротиба аз чанги Азройил раҳо ёфтани Лоиқро медонистам. Вале наметавонистам гўям.
— Худо нигаҳ дорад, ако...
«Нигаҳдорандааш некў нигаҳ дошт, вагарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст.»
1 Нўки забонам меомад, ки дар 60-солагӣ гоҳи мошинро монда, дарро қуфл карданаш нобакоре аз паси сар бо оҳане зада Лоиқро куштанӣ буд, гўям. Ба ҷойи ин боз «Худо нигаҳдор» гуфтам. Ва ёдам омад, ки аз маргҳойи зиёд раҳидаанд:
Зафари Назар моро ба Варзоб хонд, то хорчбирён хўрем. Ба лагери Ҳушёрӣ бурд. Рўйи кат Лоиқу Зафару Сўҳробу Гурез ва чанде менишастем. Ва як «жигули»-и сиёҳ омад. Шишаҳояш низ сиёҳ буд ва аз дари рост нўки автомат менамуд. Мошин назди кати мо омада истод ва низомипўши айнаки сиёҳ дар чашм ва автомат дар даст аз мошин фаромад ва рў ба мо овард:
— Ма ин духтарора куҷо барум?
Касе посух надод. Ў боз такрор кард:
— Ма ин духтарора куҷо барум?
Лоиқ, ки сархуш буд, фармуд:
— Хонайи очат бубар!
Ва ў автомат сўйи Лоиқ рост карда пурсид:
— Куҷо барум?!
— Ҷое, ки гуфтум! – Лоиқ низ мисли даҳони автомат даҳон кушода дошта, сарсина пеш дамонда нимхез шуд ва даҳонаш ба даҳони автомат рост омад. Мо намедонистем чӣ кор кунем ва ман аз сари хон рост шудам миёни ду даҳон. Як поямро аз муттакойи кат паст монда фаромада назди «мерган» рафтанӣ будам, ки садойи Лоиқ боло шуд:
— Пеша нагир! Ба инҳо касе чизе намегўяд, хаёлашон, ки ҳамаро кушанду помол кунанду ана ин хел духтаронро бадном гардонанд.

  1. Гаражи рақами 60 дар паҳлўйи хонайи Лоиқ ва ў ин ҷойро чунин меномид.
пешина
аз 428
навбатӣ