Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бомдод ба ҳаммоми қадимайи гузари Вашаниҳо рафтам. Дар он ҷо маро касе намешинохт. Байни худ тўйро таъриф мекарданд.
Баъд наҳ мезаданд: «Раззоқов тўйи нағз карду духтара ба кӣ дод, гўед? Ба як қишлоқӣ.» Ҳанўз ҳам дар шаҳри Панҷакат масъалайи тафриқайи шаҳриву қишлоқӣ ҳаст. Онҳо бо ин масъала машғуланд, бегонагон омада соҳиби шаҳр мешаванд... Ақли мо баъди пешин медарояд».
Ва Лоиқ пештар омад баройи хонаро орову торо додан ва ба тартиб овардан. Зеро хонайи муҷаррадонайи ў хонайи ҳама ҷўраҳо буд. Пасон Раззоқов арўсдухтар Зебунисоро оварданд. Лоиқ андак лаҷомкашида шуд. Ҳарчанд ҳама ҷо мерафту дар ҳама гуна маъракаҳо ширкат меварзид, барвақттар ба хона бармегашт ва мисли пешин ҳар хонае, ки рост меомад, намехуфт. Рўзгор афтид ба сараш. Хонайи ҳардуямон ҳам холӣ буд. Аввалин чизе ки ба хонаамон харидем, ҷевони китоб буд. Бист донагӣ рафи чехӣ. Баъд мувофиқ ба ҳамон китоб. Эълони нашри дусадҷилдайи адабиёти ҷаҳонӣ баромад, вале номнавис карданаш баройи мо сағираҳо осон набуд. Абдулло Зокиров ин вазифаро ба ўҳда гирифт ва моро ба бинойи Вазорати савдо бурд, ки андар даромадгоҳи он як занаки рус дўкони тахтагини китобфурўшӣ дошт. Абдулло Зокиров (равонаш шод бод) бо он зани миёнсол чиҳо гуфт, ки ў табассум кард ва сар афшонд. Баъди чанд рўз мо омада коғази аъзойӣ гирифтем ва ҷилдҳойи аввали дусадҷилдаро соҳиб шудем.
Ободонийи рўзгорамон сар шуд ва акнун ҳар чизе гирем, монанд мегирифтем; яхдони ОРСК – 3 гирифтем, қандил гирифтем... ва мошин. Москвич – 412. Хуб мегаштем; шабҳо дар хиёбони Ленин ду мошин мегашт: Лоиқ боло мерафт сўйи ҳайкали Рўдакӣ, ман поён мошин мерондам сўйи ҳайкали Айнӣ. Вале чу барфи аввал резад, мошинҳоро баҷо карда, машғул мешудем ба кори эҷодӣ. Бо ҳама бетартибиҳо низоме доштем дар кори эҷодӣ. Ва агар Панҷакат рафтагор шавем, ду мошин пасу пеш мерафтем ва дар баъзе роҳҳо паҳлў ба паҳлў. Зеро зану фарзандҳо дар зодгоҳ буданд ба баҳонайи ҳавойи тозаву форам.
Тамузи тобистон гоҳе ки гармойи Душанбе ба ҷон мерасонд, дўстони наву кўҳна, баъд аз кор, чун чўҷаҳойи бат канори наҳри ГЭС-и Душанбе ҷамъ меомадем. Мастону Лоиқу Кўҳзоду Доро, Маҳмуди Воҳиду Ато Муҳаммадҷону Ҷомӣ, Акбар Турсуну Сабури физик, Абдунабӣ, Абдулло Зокир... ва рўзафзун буд шуморайи мо. Баъзан Ҷумъа Одина сачоқ бар дўш меомад. Акбар Турсун китоб, маҷалла ё рўзномаеро хонон ва бо ҷуссайи хурдаш сухан баланд мегуфт: «Ҳа, ҷиниҳо, паттоед...» Баъд айнаки сиёҳ ба чашм гузошта, тани сапеди дар Маскав офтоб надидаро обу тоб медод.
«Ҷинӣ» гуфта ягон чиз пеш меовард; худ аз худ маҳфил оғоз мешуд, баҳс ба миён меомад ва Акбар ҳар суханро бурда ба Чингиз Айтматов мепайваст, ки бо ў дар Маскав вохўрдааст, сўҳбаташон ину он будааст.

пешина
аз 428
навбатӣ