Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман аспро назада, рухро аз канори шоҳ дур кардам, то атрофи шоҳ кушода шавад. Лоиқ фарзинро пушти аспаш монд, то аспро бардошта душах гўяд, ки дар гашти оянда моти мот мешуд ё фарзини ман мерафт. Ва ман аспро кўфтам. Лоиқ «Фаҳмидед-а?» гуфта фили маро зада шах эълон кард ва ман шоҳро гурезонидам. – Ту ҷим шин, Ҷовидон! Як гашт гўйӣ, дадет – мағлуб.
Чунин бозиҳо ё дар хонайи мо ё дар хонайи Лоиқ ё дар хонайи Шарифбек, ё дар хонайи Фарҳод сурат мегирифт. Ин кор дар ҳолатҳое рух медод, ки мо ду ва ё се тан бошем. Дар ҳолатҳое ки зиёдем ва дар зодрўзи ҳамдигар мешинем ва ёру ҷўраҳо гаштак дорем, шеъргўйӣ, сурўдхонӣ ва ё суханварӣ мешуд. Лоиқ шеър мехонд, Афзалшо месурўд, мо гўш мекардем. Афзалшо аз Ҳофизу Лоиқ месурўд ва ҳар шеъри тозайи Лоиқро сабт карда ва ё навишта мегирифт ва дар нишасти навбатӣ оҳанг ба он шеър баста, месурўд.
Ва Лоиқ сархуш остин то бозу бар зада, пайпоқ аз пой андохта дастафшонӣ мекард ва ё бархеста покўбон гирди дастархон ва ё дар гўшае каҷак-каҷак зону қат карда арғушт мерафт. Шодмонӣ мекард ва аз ҳад, ки зиёд қадри хешро дарк мекард, гоҳи рези тори Афзалшо киҳоро дар назар дошта мегуфт: «Шумо шикастабаҳоён, маро чӣ медонед!?» Ва илова мекард:
— Баъд мефаҳманд маро, баъд. Баъд аз ҳазор сол, гоҳе ки ман боз меоям.
Ва ҳоло мо бар кати саҳни ҳавлийи Афзалшо нишастаем, Олим Искандарӣ мехонад:

«Даруни синайи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонайи бекўдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандайи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.
Замин – бечора, медонам, фалак – бечоратар аз ман,
Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.
Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,
Хаёлам, бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд.»

Кова мегиряд бар марги маҷбурийи ҳабдаҳ писар. Ва Олим Искандарӣ чунон менолад, ки тамоми Душанбейи кулфатзада менолида бошад; садойи фалакгири ў ба пардайи минўийи осмон дакка хўрда сабт бар навори гунбади сабз мегардад баройи фардойиён. Вале ҳоло кам касоне ҳастанд, ки ин шеърҳоро хонанд ва дарку фаҳм кунанд. Олим менолад ва онҳое ки дар ҷанги охирин фарзанд гум кардаанд, гиря мекунанд баробари шоиру овозхон.
Ҳамроҳи Кова, ҳамроҳи Лоиқ, ҳамроҳи Олим ҳама сайёра мегиряд; осмони ғамбор, замини ғамбардор, мардуми ночор мегирянд баробар, ки дар Он замон ҳам нобаробариҳо буд чунон ки дар Ин замон. Ва Лоиқ ангушт сўйи осмон тир карда ва чашм аз зонуйи чорқаташ наканда такрор мекунад: «Баъд мефаҳманд, баъд, баъди ҳазор сол, гоҳе ки ман бозмеоям.»

пешина
аз 428
навбатӣ