Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ғазаб ҳам накунед, ба шумо намезебад.
— Ба ман чӣ зибида буд, ки ғазаб зибад?.. Баҳор қатори турнаҳо як бор миойӣ, як дам хона мишинӣ ё нӣ, намидонӣ, ки оча чӣ ҳол дорад... Гапат аз ҳар чиз зиёд...
— Оча, ман хафа...
— А, чӣ хафа мишӣ-э? Оча ба ту сарборӣ набошад, ки хафа шавӣ...
— Баройи ҳамин ман хафа, ки ба хизмати шумо намерасам.
— Ӣ-ҳааа, боз ин хилин гапҳо ҳаст гў...
— Шуморо ёд кардам.
— Ёд микунӣ, ки партофта мирӣ...
— Охир чӣ кор кунам, оча? Душанбе назди набераҳоятон бурдам, истода натавонистед. Хонаҳойи моро «турма» гуфтед. Даруни об аху туф мекунед, гуфтед. Дилам гирифт, гуфтед... Ду по ба як кавш андохтед, ки маро зудтар ба Мазор бар.
— Барака ёв, ки овардӣ. Намиовардӣ, гулдастайи Гулрухсор оварда барин пеши ойинайи хонаат паҷмурда мишудам.
— Мурам ба ҳамин очаҷонам! Ба ҳамин очаҷони сухандонам!
– боз оғўш кушода, аз дарвоза даромад ва модар боз пас-пас рафт.
– Аз ман ҳазар мекунед, оча?
— Охир як бор хаёл микунӣ, ки очам чӣ ҳол дорад? – такрор кард модар.
— Э очаҷон-э! Шумо чӣ донед, ки аз дили ман чӣ хунҳо мегузарад?
— Мидонам. Биғарзи дар кунҷи сандалӣ шишта чок дўхтани мана дар газита задан дигар хаёл надорӣ.
Лоиқ баланд хандид. Каф ба каф зад. Пойи росташ худ аз худ бардошта шуд ва зонуяш қат гашта, майли танаш пушт рафт.
— Боз ба ҳамон лаф-лафи кампирҳо бовар кардед. Ҳафту ҳашти онҳоро аз суханони ман боло гузоштед. Гуфтам бо онҳо зиёд нашинед. Онҳо дигар кору бор надоранд. Фақат ғайбат.
— Ғайбат нӣ. Ту нагуйӣ, онҳо аз куҷо мидонанд?
— Охир...
— Мигуйӣ, ки бо онҳо нашинам. Бо кӣ шинам? Ҳамунҳо ба мурдайи ман мигирянд... То ту миёйӣ, ки онҳо мана гўру чўб микунанд.
— Оббо-еее... Ба шумо сухан ёфта намешавад...
— Ба ту мишавад? Мигўянд, ки дар Тоҷикистон касӣ дар гап ба Лоиқ баробар шуда намитонад.
Лоиқ боз хандид. Боз каф кўфт. Боз пояш то зону бардошта шуд. Танаш каме ба пушт майл кард.
— Писари шумо-дия, набояд касе баробар шавад...
— Баъд, чӣ ба ман михандӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор