Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва бори вазнин пахш мекард харро. Пойҳойи ҷонвар кашол-кашол мерафт ва гоҳо по ба по мезад. Лоиқ ба ман менигарист ва ман ба ў; мегуфтем:
«Худо, ки то манзил расад.»
Хар рафт- рафту ба санге пешпо хўрд ва ҷувол ба замин зад.
Гўё ба рағми шиддат кардану халачўб заданҳоямон чунин рафтор кард хар. Ва мушкилоте ба сарамон омад, ки наомада буд. Ду кўдак бардошта наметавонистем ҷуволро, то боз бор кунем ба пушти ҷонвар. Хуб зўр задем, хеле кашу пархаш кардем, нашуд.
Ба атроф, ба дуру наздик менигаристем, ки роҳгузаре, чўпоне, подабоне пайдо бошад, ёрӣ диҳад, касе наменамуд... Ман гирифтор будам, Лоиқ бепарво ва завқ мекард, ки тамошое шуд ва касе нест, ки тамошойи бепулро бинад. Ба ман намефорид рафтори ў, ҳарчанд медонистам, ки феълу атвораш чунин аст. «Ба теппа баромада нигоҳ бикун, касе метобад!» дўғ задам ба ў алам аз чиву аз кӣ гирифтанамро надониста. Лоиқ мерафт сўйи баландӣ, гашта- гашта менигарист ба ман ва механдид.
— Худоҷўйе нест, ако! – аз тори теппа хабар дод ва ман нашунида гирифтам. Ў баландтар дод зад: – Касе наметобад!
Умед танҳо ба худамон буд. Ҷуволи гандумро рост кардем.
Харро пеши бор овардем. Чун зўрамон ба бардоштан намерасид, ҷувол ба шиками хар такя гузошта, тела дода, лағжонда пушти хар оварданӣ шудем, барор нагирифт: хар аз вазни ҷуволу тираву телайи мо пас рафт. Акнун сабаби аламбарорӣ пайдо шуд: харро халачўбкорӣ мекардам, ки ҳама бало аз он ҷонвар аст. Ба сараш мезадам чун ҳама харкорони кўҳистонӣ, ки бойиси азобу машаққаташон хар бошад. Ба сараш мезадам, ки наистод, то борро ба путаш гардонем. Ҷонвари обсар баробари халачўбро боло бардоштан сар хам мекард ва ҷувозак мегашт. Зиёдтар аламангез буд.
Аз ду гўши хар дошта бор бар сараш шудам ва вазн меандохтам, ки хоб равад. Ғалтондем ва ҷувол ба пушташ гардондем, то бардошта хезад ҷуволро. Намехест ё наметавонист хестан. Зўри хестан кунад ҳам, бори гаронро бардошта хеста наметавонист.
Ба гардану сағраву думғозааш мезадем, намехест, ки намехест. Аз думаш дошта мебардоштам ва Лоиқро мефармудам, ки аз гўшаш бардорад. Боз намешуд.
«Додом мегуфт-а, агар осиё рафтанӣ шавӣ, ду ҷувол бигир!»
– фармуд Лоиқ, вале шарҳ надод, ки ман низ медонам ин ҳарфро.
Агар як ҷуволи дигар мебуд, ду тақсим мекардем гандумро ва сабук-сабук бор мекардем бар маркаб. Вале ҳоло ман аз думи хар мебардорам ва Лоиқ аз гўшҳойи улов ва ҷонвар ҳаракати хестан мекунаду мадор надорад. Боз мелағзад ҷувол аз пушти он.
Ба гиря даромадем ҳар ду чу тифлони бепаноҳ. Хориамон омада нишастем бар ҷувол. Якбора Лоиқ аз гиря бозистод, хандид ва нимҷиддиву нимшўхӣ гуфт:

пешина
аз 428
навбатӣ