Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Маъниаш – рўза; номи кўҳе дар наздикийи Самарқанд.
Боре ҳамроҳи Лоиқ канори ин рўдак зиёд нишаста будем. Баъди сафари тўлонӣ, ки дар ҳар сари қадам камондорон мошинро боздошта истинтоқ мекарданд ва гоҳо моро шинохтаву гоҳо нашинохта, ғам медоданд ва ё бе ҳеҷгуна тафтиш роҳи сафед мехостанд, хеле хаставу шалпар то ин ҷо расидем. «Гардон!» ба ишорайи даст пули ноободи Дуобаро нишон дода фармуд Лоиқ ва ман ҷилави мошинро ба рост тофта, пулро гузашта, канори харсангҳо боздоштам. Лоиқ дари мошинро кушода, дергоҳ нафаромада, ба дуобайи дуранг нигарист ва шаху кўҳҳойи сўхтаро дида чаронд ва сар ҷунбонида пиёда шуд, наздиктар ба ду оби хингу мусаффо нигарист ва ба ҳам омехта, ҳарду ранг гумкарда, як оби дилнокаш шудани онҳоро хеле тамошо кард ва боз сар такон дода гуфт:
— Нигоҳ кунед, мисли некиву бадӣ. Сиёма ин қадар софу беғубор, ранги осмонро дорад, вале шохоби Зиддӣ гилолуда, чун бадӣ онро фурў бурда, бад нишон додан мехоҳад. Акнун донистед, ки ҷое, ки некист, бадӣ он ҷост. Вагарна чӣ зарурате, ки чунин оби зулоли шишаосо хокистарӣ гардад. Он муборизаро бинед. – даст сўйи дуоба бурда менамуд маро, ки ду шохоб ҳамдигарро тела дода равонанд ва ба ҳам омехтан нахоҳанд ва рафта-рафта ба ҳам омехта рангҳоро гум кунанд. Тамошойи муборизайи обҳо ва ранги шаффофи Сиёма ва тоза тофтани хурдтарин санги зероб серӣ надошт. «Э худо-э, обҳо низ ранг доранд.» Он гоҳ шодмониву болидарўҳ будани шоирро ҷуз банда каси дигар медид, бовар мекард, ки Лоиқ чӣ кўдакест ва чун менозад бо обу санги диёраш.
Ў чун одат кавш канд, пайпоқ низ афканд ва тиҳипо нишаст бар санги лаби об ва пой ниҳод андар Сиёма. «Равғанин, махмалин, вазелин ва нармиву хубӣ ҳар номе дошта бошад.»
— Чунин обҳо дорему дар Душанбе оби ҳаром мехўрем. – ҳамин зайл ифода кардам таассуротамро.
— Гўё нақшае ҳаст, ки оби Сиёмаро бо қубур ба Душанбе баранд.
— Чӣ хуб! Буд чунин нақша.
— Лекин гуфта монам, ки дар ин ҷо дастгоҳе сохта хоҳад шуд, то ташнагони оламро обу шароб расонем.
— Ҳоло обашро хўрем...
— Низомиидин додаро биёред, худамон аз оби Сиёмаву спирти Низомиидин шароб месозем.
Менигаристам ба обу ба спирти ба пиёла рехта, ки кадоме тозатар. Ҳар ду тоза. Баробар омехта ба сар кашид Лоиқ ва кашки нарм газид. Пасон дер нигарист ба рангу рафти об, ки кафки сафед низ меовард. Дерёз ба хаёл рафт ва ман халал нарасонидам, то парешон нагардад фикраш. Медонистам, ки ў сухани мувофиқ ва ҳаммонанди Сиёмаро меҷўяд ва чизе бояд гўяд, ки каси дигар натавонад гуфтан. Вале ў андешайи рўз доштааст: «Якдама подшоҳӣ, подшоҳист.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор