Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— На. Наметарсам. Сабабҳояшро намедонам. Он чӣ мо медонему мепиндорему мегўем, тахминӣ ва рўякианд: «Ин Онро зад.
Он Инро кушт». Дар паси «заду кушт» чӣ ҳаст ва «Калашников»
дар паноҳи кӣ истода? Намедонем. Онҳое, ки медонанд, навишта наметавонанд, онҳое, ки навишта метавонанд, намедонанд.
— Бале, дадо, бале... Осон набувад. Рўякӣ гуфтану хато навиштан хиёнат бувад.
— Вақте аз Муҳаммад мепурсанд, ки Зулқарнайн кист? Посух медиҳад: «Ин лақабро ба ў касоне додаанд, ки медонанд.» Чӣ мефаҳмед аз чунин посух?
— Ҳеҷ чиз!
— Навиштанҳойи мо низ аз боби ҷанги нав «ҳеҷ чиз». Инро онҳое медонанд, ки ташкил карданд.
— Лекин қандаша занад Эмомалӣ. – Бо ифтихор гуфт Лоиқ.
— Воқеан қандаша занад. Дигар кас ин чизро саришта карда наметавонист. Ба тадриҷ ҳама чиз ба ҷойи худ меояд, ҳама чиз бо номи худ ифода мешавад ва тоҷикони паршикаста боли нав бароварда руйи олам мешаванд.
— Бингоред ҳамин чизҳоро.
— Насиб...
Як лаҳза хомўш мондем, то Сиёма низ чизе гўяд. Сиёмайи чашмрабо, ки андар Дуоба ба шохоби хингу хирайи Зиддӣ дакка хўрда, нафасаш мегашт, чун навор сўҳбати моро сабту ҳифз мекард ва то ба куҷоҳо мебурд, намедонам...
Пиёла ба Сиёма зада бардошт Лоиқ ва хоҳиш кард: «Рез!»
Ман аз чоба спирт афзудам ба оби пиёла. Лоиқ фармуд:
— Адабиёт сохтан, ё илми адабро аз бар кардан ё аҳли адаб будан саҳлу осон нест. Ва адабиёт асбоби рўзгузаронӣ ҳам набошад. Ман бандайи онам, ки аз ҳама чиз гузашта, устухон сафед карда, вале устухонфурўшӣ накарда, асар меофарад. Пули шеър зиёдтар гуфта, мунаққидиро тарк карда, шоирмаоб намешавад.
— «Устухонфурўшӣ»-ро ман гуфтам ба шумо!
— Дуруст, шумо овардед. Баройи шуморо санҷидан ба «Деҳхудо» рў овардам. Саҳеҳ – фармудайи шумо: ифтихор аз ниёкон; номи гузаштагонро истифода кардан... Вале мо набояд устухони ҷадди хеш бифрўшем, балки падари хеш бошем!
Ва порае кашки (қурут) нимхушки хушлаззати зираву ҷанбил омехтаро ба даҳон андохта чашм ба рўд дўхт. Андар ҳубоби чашмони зиндаву зиракаш Сиёма ҷорӣ буд. Худ аз худ вазъу ваҷоҳаташ дигар шуд ва пойҳойи даруни об сардӣ кашид, ки каме пас овард ва якбора сўям нигашт:
— Шумо айбро намедонед?
— Чӣ гуна айбро? – ҳайратзада пурсидам.
— Чил сол аст, мо ёру бародар, бародари қиёматӣ, як бор тую ман накардаем. Лекин имрўз ман бо шумо ҷанг эълон мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор